20 солагии узвияти 8 кишвари Шӯравии пешин дар СММ

Дар ин рӯзҳо аз узвияти 8 кишвари Шӯравии пешин дар СММ 20 сол мегузарад. Озарбойҷону Арманистон, Молдоваву Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон ва Туркманистону Узбакистон баъд аз фурӯпошии Шӯравии пешин ва ба даст овардани истиқлоли давлатӣ 2 марти соли 1992 ба узвияти СММ даромада буданд. Бирганим Айтимова-намояндаи доимии Қазоқистон дар СММ гуфт, 9 март ин кишварҳо 20 солагии узвияти худро як ҷо баргузор мекунанд. Озарбойҷон нахустин ҷумҳурии нави Шӯравии пешин аст, ки соли ҷорӣ узви муваққати Шӯрои Амнияти СММ интихоб шуд.