Звезда.ру дар дохили ҳукумат "одам" дорад?

Сергей Строкан, шореҳи ҳафтавори "Коммерсант"

Мақомоти тоҷик мақолаи "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб"-ро, ки "Звезда.ру" чоп карда буд, бӯҳтон номиданд.
Ҳафтаи гузашта дар торнамои "Звезда.ру" мақолае зери унвони "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" ба табъ расид, ки дар он ҳукумати Тоҷикистон ба тарҳрезии барномаи муфассали таъқиби мухолифин муттаҳам мешавад. Афроде, ки мақоларо дар интернет ҷо додаанд, мегӯянд, онҳо ба ҳадафи худ расиданд, зеро шореҳони умури Тоҷикистону Осиёи Марказӣ ва мансабдорони тоҷик аз он огоҳ шудаанд.

Сергей Строкан, шореҳи ҳафтавори “Коммерсант”, чопи Маскав, мегӯяд, ӯ ба мақолаи "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб", ки ибтидои моҳи март дар торнамои русзабони "Полярная Звезда" ба табъ расидааст, ҳеҷ иртиботе надорад. Вай гуфт, намедонад, муаллифони воқеӣ бо кадом ҳадаф аз номи ӯ истифода кардаанд.

Строкан афзуд, "мехоҳам расман таъкид кунам, ки ман ба ин мақола ҳеҷ иртиботе надорам. Онро нанавиштаам, таҳрир накардаам ва бо тааҷҷуби зиёд хабар ёфтам, ки касе бо сабабҳои бароям номаълум маро муаллифи ин мақола номбар кардааст. Дар масъалаи мушкилиҳои матраҳ дар ин мақола ман чизе гуфта наметавонам. Таҳлилу хулосаҳои матлаб бар дӯши муаллифи он аст."

Давлат Назрӣ

Дар мақолае, ки бо имзои хабарнигор Строкан дар сомонаи "Звезда.ру" нашр шудааст, мақомоти Тоҷикистон ба роҳандозии сиёсати фишору зӯроварӣ ба ҳизбҳои мухолифи ҳукумат ва бозгашт ба мухолифатҳои солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон муттаҳам шудаанд. Муаллифони мақола дурустии таҳлили худро бо нашри чанд санад, ки гуфта мешавад аз ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон берун шудааст, тавҷеҳ кардаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомот: "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" бӯҳтон аст



Аммо мақомоти Тоҷикистон ин матлабро пур аз дурӯғу бӯҳтон номиданд. Давлат Назрӣ, масъули дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, "маълум аст, ки ин матлаб аз номи каси дигар тартиб дода шудааст. Мутаассифона, тайи чанд моҳи охир ҳамин гуна мавод дар бораи Тоҷикистон бисёр чоп шуд. Шояд доираҳои муайян ҳавасманди он бошанд, ки ҳамин гуна маводро нашр кунанд. Бисёре аз ин мавод ғаразнок буда, ба ҳақиқат наздик нестанд. Муаллифони чунин матлабҳо бояд донанд, ки бо ташкил кардани чунин матлабҳо ба мақсади худ намерасанд. Зеро мардум воқеиятро медонад."

Ба дунболи нашри ин мақола дар торнамои русии "Звезда.ру" дастрасии истифодабарандагони Интернет ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва якчанд сомонаи интернетӣ, аз ҷумла "Звезда.ру" ғайриимкон шудааст.

Саҳифаи аввали торнамои Звезда.ру

Қабл аз сӯҳбат бо шореҳи "Коммерсант" Сергей Строкан, мо бо сармуҳаррири сомонаи "Звезда.ру" Дмитрий Родин дар тамос шудем ва ӯ тасдиқ кард, ки муаллифи мақола маҳз Сергей Строкан, шореҳи "Коммерсант" аст. Родин гуфт, ҷамоаи истифодабарандагони интернет ва шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон аз 30 ҳазор нафар бештар нест ва онҳо ба роҳандозии инқилоби шабеҳи кишварҳои арабӣ қодир нестанд.

Вале ин шахс, ки худро сармуҳаррири сомонаи "Звезда.ру" номид, афзуд, аксуламали ҳукумат шаҳодати он аст, ки баъзе мансабдорон аз ҳаёт дур мондаанд: "Худи ҳамин аксуламали ҳукумати Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки санадҳои нашр шуда аслӣ мебошанду хулосаҳои таҳлили сомона воқеият доранд."

Родин илова кард, ки мақолаи онҳоро чандин торнамои дигар дар саҳифаҳои худ ҷо додаанд ва агар ҳукумат дастрасии комил ба интернетро ҳам мутаваққиф кунад, мақола ба истилоҳ миссияи худро иҷро кард.