Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама мегӯяд, даъвати ӯ ба пешгирӣ аз соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудани Эрон шӯхӣ нест.
Вай афзуд, дипломатия ва таҳримҳо бояд ба Эрон шанс диҳанд, ки аз барномаи таслиҳотии хеш даст кашад. Дар акси ҳол ҳамаи гузинаҳо (интихоб) зери дасти ӯянд, аз ҷумлаи гузинаи ҳарбӣ.
Аммо, Обама, ҳамчунин гуфт, зарбаи пешгирикунандаи Исроил метавонад, пайомадҳои ғайриинтизор дошта бошад, аз ҷумла Эронро як қурбонӣ вонамуд кунад. Бино ба гузориши "Ройтерз", ин мавзеъгирии раисиҷумҳури Амрикоро метавон "натиҷаи пофишории Исроил" донист.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи панҷшанбеи гузашта рӯзномаи "Guardian", чопи Лондон, дар гузорише ба нақл аз чанд манбаи дипломатӣ гуфт, "Исроил талош мекунад, Барак Обамаро таҳти фишор бигузорад, ки бо гирифтани мавқеи сахттар Эронро ба ҳамалаи низомӣ таҳдид кунад."
Ба гуфтаи ин манбаъҳо, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил хоҳони он аст, ки Амрико дар сурати нокомии таҳримҳо ва пешрафти барномаи атомии Эрон, ҷумҳурии исломиро ба ҳамлаи низомӣ таҳдид намояд.
Дар сафараш ба Канада, сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, кишвараш ҳақ дорад барои дифои худ аз Эрон, ки хостори нобудии Исроил аст, ба ҳар амале даст занад. Рӯзномаи "Guardian" мегӯяд, ин мавзӯе аст, ки ҷаноби Нетаняҳу қарор аст, рӯзи душанбе (5-уми март) дар дидори худ бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар миён бигузорад.