Паймони НАТО аз Афғонистон хостааст, ки созишномаи ҳамкориҳои стратегӣ бо Амрикоро ҳар чӣ зудтар ба имзо бирасонад.
Тайи як сӯҳбати телефонӣ бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай, дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен хоҳони имзои ҳар чӣ зудтари паймони ҳамкориҳои стратегӣ миёни Афғонистон ва Амрико гардид.
Дар эъломияи дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон омадааст, ки сармуншии НАТО дар ин сӯҳбати худ дар мавриди кушта шудани даҳҳо тан дар эътирозҳои зиддиамрикоӣ дар ин кишвар изҳори таассуф намудааст.
Дар посух ба ин тақозои сармуншии НАТО дар бораи имзои мувофиқати дарозмуддат миёни Амрико ва Афғонистон, Ҳомид Карзай гуфтааст, бо шартҳои хос ба ин паймон имзо хоҳанд кард. Ин шартҳо аз ҷумла шомили эҳтироми ҳокимияти миллии Афғонистон, поён додан ба амалиётҳои шабонаи нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар ва интиқоли масъулияти зиндонҳои Афғонистон, ки дар ихтиёри нерӯҳои хориҷӣ аст, ба ҳукумати Афғонистон мебошанд.
Оқои Расмуссен гуфтааст, имзои ин паймон, ки робитаи Афғонистон ва Амрикоро баъд аз соли 2014 рӯшан месозад, бар нишасти паймони НАТО, ки моҳи май дар Чикаго баргузор мешавад, таъсири мусбат хоҳад дошт.
Дар эъломияе, ки як рӯз қабл аз ин нашр шуда буд, сармуншии НАТО таъкид карда буд, ки бо вуҷуди ҳодисаҳои ахир, ки дар он баъзе аз сарбозони қувваҳои амниятии Афғонистон ба сӯи ҳамтоёни амрикоии худ оташ кушоданд, боварӣ байни қувваҳои таҳти раҳбарии НАТО ва нерӯҳои амниятии Афғонистон барҳам нахӯрдааст. Ба дунболи кушта шудани ду афсари амрикоӣ дар вазорати умури дохилии Афғонистон, ҳама мушовирони хориҷӣ аз ниҳодҳои Афғонистон ба ҷойҳои амнтар интиқол дода шуданд.
Дабири кулли НАТО изҳор доштааст, ки ифротгароён талош доранд, ки аз ин ҳолат ба нафъи худ истифода намоянд ва ошӯбҳоро ангезаи бештар диҳанд. Ӯ гуфт, умедвор аст, ки мушовирони низомии НАТО ҳар чӣ зудтар дубора ба корҳои худ дар вазоратҳои Афғонистон баргарданд.
Саҳнае аз тазоҳурот дар Афғонистон(навор аз бойгонӣ)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад