Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон ба тафтиши саросарии расонаҳо ва чопхонаҳо шурӯъ кардааст.
Гавҳар Ҳомидова, сарвари маркази матбуоти кумита бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ин санҷиш нақшавӣ ва қонунӣ аст: «Беасос нест. Агар ягон проблема надошта бошанд, ба онҳо касе чизе намегӯяд. Ин танҳо як санҷиши нақшавӣ аст.»
Аммо сардабирони нашрияҳо ва сарварони чопхонаҳо ин санҷишро як «ҳамлаи ногаҳони"-е аз сӯи Кумитаи андоз унвон карданд, ки беҳадаф нест. Аксари онҳо аз сӯҳбати рӯйрост бо мо худдорӣ карданд.
Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж» мегӯяд, ҳоло кормандони андоз дар муҳосиботи тамоми нашрияҳо санҷиш мегузаронанд ва гоҳо камбудиҳоеро пайдо мекунанд, ки орӣ аз мантиқанд: «Ҳоло омадаанд ва аз мо
дастгоҳи кассавиро талаб доранд, дар ҳоле, ки тамоми нашрияҳо молашонро яклухт мефурӯшанд, на дона ба дона. Қариб 12 кас омадаанд.»
Ҳамчунин ба қавли сардабирон, кормандони андоз нашрияҳои «Имрӯз Нюс», «Нигоҳ», «Озодагон», «СССР», «Оила», «Муҳаббат ва оила» ва чопхонаҳои «Мушфиқӣ» - ву «Интишор»-ро низ мавриди тафтиш қарор додаанд. Аммо ҳеҷ яке тасдиқ накард, ки ҷарима шудааст, ҳарчанд дар ин бора ҳам гуфта мешавад. Акбари Саттор, сарвари ширкати «Чархи гардун», ки панҷ нашрияро дарбар мегирад, ин тафтишҳоро таъйид кард, аммо аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ кард.
Коршиносон мегӯянд, санҷиши нашрияву чопхонаҳо аз сӯи Кумитаи андоз чанд ҳадаф дорад, аз ҷумла мақомот барои мулоқоти раисҷумҳур бо намояндагони ВАО дар рӯзи 10-уми март мавод омода кунанд, ё вазъе монанд ба тирамоҳи соли 2010, аммо ин дафъа ба пешвози интихоботи президентии соли 2013 пеш омадааст. Тирамоҳи соли 2010 дар айни авҷи ноамниҳо дар водии Рашт, мақомот нашри расонаҳои мустақилро то чанд моҳ боздошта буданд.
Тафтиши саросарии нашрияву чопхонаҳо дар ҳолест, ки то ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик беш аз як ҳафта монда, қарор аст, то он замон як қатор тадобири ҷашнӣ рӯи даст гирифта шаванд.
Сайфулло Қодиров, масъули таҷлили ҷашн дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи чорабиниҳои ҳукуматӣ то 10-умир март сурат мегиранд, аз ҷумла 6-уми март як нишасти вижа таҳти унвони «Матбуоти тоҷик тайи 100 сол: бурду бохтҳо» баргузор мешавад. Вай афзуд: «Рӯзи 10-уми март маҷлиси идона, консерти идона ва намоишгоҳи китобу матбуоти даврӣ дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешаванд. Ҳамаи чорабиниҳо бо ҳамин анҷом мешаванд.»
Аммо на ҳамаи тадобире, ки як моҳ пеш аз сӯи кумитаи тадорукоти ҷашн пешниҳод шуда буданд, аз сӯи мақомот пазируфта шудаанд. Аз ҷумла қарор буд Иттиҳодияи журналистон як шумораи махсуси «Бухорои шариф» - аввалин нашрияи тоҷикиро дар ин сана ба нашр расонад. Аммо як масъули нашри он, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, мақомот ба ин мухолифат кардаанд ва он ҳам ба ин хотир будааст, ки ба муносибатҳои хориҷии кишвар рабт дорад.