Дидор пас аз 22 соли “Артек”

Лагери "Артек",соли 1990.

Боғигул ва Адиба, ки дар лагери машҳури “Артек” бо ҳам ошно шудаанд, баъд аз 22 сол тасодуфан дар як маҳфил якдигарро диданд ва аз хурсандӣ, ба истилоҳ "шок" шуданд.
Оғӯшкашиву бӯсобӯсиву ашкрезии онҳо дар ҳузури мардум бисёриҳоро дар ҳайрат гузошт ва ҳама аз якдигар мепурсиданд, ки чаро ин ду зан тавре рафтор мекунанд, ки гӯё сад сол аз ҳам ҷудо будаанд?

Ин ду тан, ки соли 1990 аввалин бор аз ватан берун рафта, дар “ғурбат”-и якмоҳа он қадар бо ҳам дӯст шуданд, ки дигар наметавонистанд бе ҳам нон бихӯранд. Боғигул ҳамчун ҳунарманди навраси гурӯҳи рақсии “Машъал” ва Адиба ҳамчун талабаи пешқадам роҳхати “Артек” –ро дарёфт карданд. Ҳарду он замон 10-12-сола буданд. Ҳоло бошад, занҳои ҷавони 35-сола шудаанд. Боғигул ҳунарманд аст, Адиба шоир.

Адиба

Адиба мегӯяд: «Мо 14 ё 15 нафар будем, бори аввал ҳамдигарро дар фурудгоҳи Душанбе дидем. Боғигулро ҳам онҷо дидам. Дар пушти лабаш хол дошт. Ман ҳамаи ин солҳо ӯро аз холи пушти лабаш меҷустам. Ҳатто бо як сарояндаи хеши мо сурудхониашро дидам, аммо нашинохтам.»

Боғигул мегӯяд, ки соли 1990 ӯ узви гурӯҳи рақсии бачагона буд ва бояд бо яке аз беҳтарин рақоссаҳои гурӯҳ ба Ҳиндустон сафар мекард. Аммо дар лаҳзаи охир исми ӯро аз рӯйхат берун карданд ва ба ҷояш духтараки дигарро фиристоданд, ки эҳтимолан пуштибонҳои қавӣ дошт. Роҳбари гурӯҳ бо ҳадафи дилбардорӣ Боғигулро ба "Артек" равон кард: «Аз Тоҷикистон 15 нафар будем. Писарон зиёд буданд, як духтар аз Роғун бо мо буд, ки Адиба ном дошт. Ӯ ду сол аз ман хурд буд. Дар тӯли 22 сол ман борҳо ба Роғун рафтаам ва ҳамеша Адибаро суроғ мекардам. Хушбахтона имрӯз ӯро ёфтам.»

Баъд аз бозгашт аз “Артек”, онҳо чанде бо ҳам нома навиштанд ва аз ҳоли ҳамдигар бохабар мешуданд. Адиба Боғигулро ҳамеша дар экрани телевизион дар байни гурӯҳи рақсии «Машъал» мекофт, ӯро ба ҳамсинфонаш нишон медод ва аз дӯстӣ бо ин духтари шаҳрӣ ифтихор мекард. Аммо баъди соли 1992 Боғигул аз экрани телевизион нопадид шуд. Фаъолияти почта ҳам аз байн рафт: «Дар телевизион ба ҳама нишон медодам ки ин дугонаи ман аст, бинед, чӣ хел хуш мерақсад. Вай аз хурдӣ дар бораи рушди истеъдоди худ ҳарф мезад, дар бораи шӯҳрату карйераи зуд. Ҳамсолон ва ҳамватанони дигарамон дигар ҳарф мезананд, аммо ӯ танҳо аз рушд, оянда ва сафарҳои ҳунарӣ ба хориҷ...»

Баъдан дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Дар он солҳо ҳама дар фикри худ буданд, ки чӣ тавр аз ин ваҳшат ҷон ба саломат буранад. Ду даҳсолае, ки Боғигул ва Адиба аз якдигар бехабар буданд, аз сари онҳо чӣ ҳодисаҳое гузашт. Боғигул дар сини 17-солагӣ хонадор шуд. Мисли наврасони дигар, ки дар он солҳо ба хотири тӯъмаи масаллаҳе нашудан оҷилона шавҳар кардаанд. Баъдан ба садама дучор шуд ва сиҳатиашро аз даст дод. Рақсидан барояш дигар як орзуи дастнорас гашт. Издивоҷи аввалаш бо нокомӣ анҷомид. Баъдан дубора хонадор шуд. Аммо ишқи ӯ ба санъат хонаи дуввумашро низ хароб кард.

Боғигул Саидова

Боғигул аз орзуҳои кӯдакии Адиба бо ханда ёд мекунад: «Адиба мегуфт, ки шоираи маъруф мешавад, мо шӯхӣ мефаҳмидем. Он ҷо аз тамоми кишвар одамон буданд, вақте аз ҳам ҷудо шудем, гиряҳои зиёд кардем. Ҳатто то ҳоло гиряҳои Адиба дар хотири ман аст.»

Сарнавишти Адиба низ ҳамвор набуд. Ӯ, ки 22 сол пеш як навраси орӣ аз ҳама талхиҳои сарнавишт буд ва дунёи орзуҳои осмонӣ дошт, акнун як зани шеърнависест. Вай донишгоҳро хатм кард ва рӯ ба шеъру адабиёт овард. Ҳоло чанд китоби ӯ аз чоп баромадааст, ки ҳамагӣ аз таҷрибаҳои талх ва гармиву шириниҳои зиндагиаш ҳикоят мекунанд.

Ҳоло Боғигул Саидова 36 сол ва Адибаи Азиз, 34 сол доранд. Ҳар ду ҳам бо вуҷуди ранҷҳо дар ҳаёти шахсӣ ва хонаводагӣ, ба истилоҳ “аробаи” худро пеш мебаранд. Адиба пораи дили худро дар ҳарири шеър ба мардум тақдим мекунад ва Боғигул бо садои ширини худ қалби мардуми азизашро шод мекунад. Боғигул мегӯяд, ки ҳоло ба фарзандонаш аз “Артек” нақл мекунад, аммо аз он афсӯс мехӯрад, ки имкон надорад, ки ягон писарашро ба ин лагер фиристад. Он вақт ҳукумат ба наврасон ғамхор буд.