Муборизаи интихоботӣ дар Русия сафари қисме аз муҳоҷиронро аз Тоҷикистон ба Русия ба таъхир гузошт.
Онҳо тасмим гирифтаанд, танҳо пас аз муайян шудани барандаи интихобот ба Русия сафар кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки номзадҳои ин интихобот панҷ нафаранд. Бархе аз муҳоҷирони оянда мегӯянд, ба назари онҳо, Владимир Путин, нахуствазири феълии Русия пирӯз хоҳад гашт. Онҳо бозгашти Путинро ба мақоми раёсатҷумҳурии Русия "фоли нек" мешуморанд.
Назар, ки чаҳор моҳ пеш аз Русия баргаштааст, мегӯяд, ҷонибдори Путин аст, зеро, ба қавли ӯ, «дар даврае, ки Путин президент буд, ба сари муҳоҷирони тоҷик ягон хел фишор оварда намешуд. Бовар дорам, ки Путин боз президент шавад, вазъи муҳоҷирон хуб мешавад." Назар меафзояд, ин ақидаи танҳо ӯ набуда, бисёре аз дӯстон ва шиносҳояш, ки ҳоло қисме дар Тоҷикистон ва қисме дар Русияанд, аз Путин ҳимоят мекунанд.
Зубайд Абдураҳимов, як ҷавони тоҷик, ки дар шаҳри Санк-Петербурги Русия устои бинокор аст, гуфт, шояд бо омадани Путин ба курсии президентӣ вазъи муҳоҷирон хуб шавад ва ӯ ҳам тавонад маоши семоҳаашро, ки нагирифтааст, ба даст орад: «Кор дар ин ҷо мушкил аст. Заҳмати бисёр кашидем, вале боз семоҳа маошамонро надодаанд. Бо кӣ даъво мекунӣ? Чор сол пеш омада будам, муносибат хеле хуб буд, вале ҳозир хеле бад аст.»
Ин ҳам дар ҳолест, ки Шодибой Атоев, коршиноси ҷавон дар масоили муҳоҷират бо ишора ба давраи президентии Путин мегӯяд, аллакай муҳоҷирони меҳнатӣ ҳокимияти ӯро таҷриба кардаанд ва дшумораи зиёде аз онҳо мақоми шаҳрвандии Русияро соҳиб гаштанд. Ба андешаи Атоев, таваҷҷӯҳи муҳоҷиронро барномаи интихоботии Путин, ки Иттиҳоди Авруосиё дар он мақоми муҳим дорад, бештар ҷалб кардааст. Ҳаракати озоди одамон ва коло дар ин қаламрав барои муҳоҷирон, ки машаққати марзҳову гумрукҳоро мекашанд, хушоянд аст.
Таҳлилгари дигар Хуҷамурод Қуддусов мегӯяд, ҳимояти густардаи мардуми Русия аз номзадии Путин низ дар таъйини ақидаи муҳоҷирон асар дорад. Онҳо наметавонанд, дар миёни ин мардум зиста, ақидаи онро рад кунанд ё назари мухолиф дошта бошанд. Худи Путин ҳам бо ҳар роҳу васила аз "қартаи муҳоҷирон" истифода кардааст, то имтиёз бигирад. Вале назарсанҷиҳо Русия ташхис накардаанд, ки чӣ теъдод аз муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро доранд, аз ин номзад ҳимоят мекунанд. Ҳамзамон таронаи Толибҷон Қурбонхонов, ки расонаҳои Русия ӯро "поюший таджик" ном гузошаанд, дили муҳоҷиронро гарм мекунад, ки шояд Путин баъд аз пирӯзӣ саҳми ин ҳамватани онҳоро ба ҳисоб хоҳад гирифт.
Бино бар омори расмӣ, дар соли гузашта беш аз 750 000 сокини Тоҷикистон барои ёфтани кор ва даромад ба Русия сафар кардаанд. Аммо манобеи ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро наздик ба 2 миллион нафар медонанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ, 65 дар сади ҷавонони тоҷик солона барои кор ба Русия мераванд.