Як голи футболи тоҷик, як гул бо умеди баҳор

25 000 мухлиси футболи тоҷик дар варзишгоҳи Хуҷанд шоҳиди голи ягонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2014 шуданд.
Ин голро ба дарвозаи дастаи Кореяи Шимолӣ ҳамлавари тоҷик Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи 62-юми бозӣ зад.

Як гурӯҳ аз мухлисони футболи тоҷик гуфтанд, ки аз дидани ин голи ягона ва ормонии дастаи Тоҷикистон қаноатманданд. Аммо ба гуфтаи бархе дигар аз мухлисон, тими миллӣ ҳанӯз ҳам ба тамрин ва такмили бештар ниёз дорад.

Даҳҳо мухлиси дигар бо вуҷуди доштани билет ё чипта натавонистаанд вориди варзишгоҳ бишаванд. Онҳо мегӯянд, танҳо бо додани пули иловагӣ ба дарбонҳо қисми дуюми бозиро аз наздик тамошо кардаанд.

Дар оғози бозии дастаҳои Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ дастаи меҳмонон пешсаф буд. Дар дақиқаи 53-юм Сонг Ҳёк зарбаи ҷаримавии 11-метраро ба ҳадаф расонд. Довар зарбаи ҷаримавиро пас аз он ки ҳимоятгар Фарҳод Восиев бозигари кореягиро дар майдончаи ҷаримавии худ пешпо дод, таъйин кард.

Вале пас аз 9 дақиқаи голи аввали бозӣ дастаи Тоҷикистон бо зарбаи нишонраси Аҳтам Ҳамроқулов ҳисобро баробар кард. Ҳамин тавр, ҳисоби мусовӣ -- 1 бар 1 то охири бозӣ боқӣ монд. Бозии тимҳои Кореяи Шимолӣ ва Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки ҳар ду даста шонси идомаи сабқат дар Ҷоми Ҷаҳон-2014-ро аз даст дода буданд, пуршиддат давом кард. Ҳар ду тим барои пирӯзӣ талош мекарданд, аммо дар партоб ва ба ҳадаф расонидани тӯб ба хатоии зиёд роҳ медоданд.

Пас аз анҷоми бозӣ дар нишасти матбуотӣ Камол Алиспоҳич, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон, мусовӣ бо тими мунтахаби Кореяи Шимолиро дар пайи шикастҳои пайдарпай "як гардиш ва муваффақияти бузург" номид. Вай афзуд, “дастаро 15 рӯз қабл аз ин бозӣ қабул кардам. Даста аз лиҳози тактикӣ чандон хуб набуд. Вале ба ин нигоҳ накарда, ман қаноатмандам, ки футболбозони мо бозиро мусовӣ карданд. Даста нисбат ба чашмдошти ман хубтар бозӣ кард. Пас аз як сол ин даста бо тимҳои аврупоӣ баробар бозӣ хоҳад кард. Дар бозии имрӯза хидмати ман нест, ин хидмати бозигарони мост. Умедворам, ки мо аз бозӣ ба бозӣ беҳтар ҳунарнамоӣ мекунем. Ман ҳоло имкони санҷиши ҳамаи бозигарони Тоҷикистонро надоштам. Ин имконият барои ман ба наздикӣ пайдо мешавад. Рӯйхати бозигаронро тартиб дода, беҳтаринҳоро ба дастаи мунтахаб инхтихоб мекунам. Аз мухлисон, ки моро дастгирӣ карданд, сипосгузорам.”

Юн Ҷонг Су, сармураббии дастаи Кореяи Шимолӣ низ гуфт, аз бозии дастааш дар Хуҷанд қаноатманд аст ва бозингарони дастааш ҳама кӯшишро ба харҷ доданд, то набозанд. Ӯ илова кард, ин бозие, ки тими мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ нишон дод, аз бозӣ дар Пхенян фарқ мекард ва ин баёнгари зарфиятҳои хуби ин тим аст.

Ҳамин тариқ, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ якимтиёзӣ ба даст оварданд. Кореяи Шимолӣ бо 7 имтиёз дар мақоми сеюм ва Тоҷикистон бо 1 имтиёз дар ҷои охирин қарор гирифтанд.