Барои шиканҷа ва азияти ҷисмонии афроди муттаҳам корманди мақомоти интизомӣ то 15 соли зиндон муҷозот хоҳад шуд.
Ин яке аз нуктаҳои муҳим дар лоиҳаи ислоҳот ба Кодекси ҷиноӣ ё ҷазоии Тоҷикистон аст, ки рӯзи 29-уми феврал аз тарафи Маҷлиси Намояндагон қабул гардид.
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ки ислоҳоти воридаро ба вакилони порлумон шарҳ медод, изҳор дошт, ки "шиканҷа" ба унвони ҷиноят дар моддаи алоҳида дар Кодекси ҷиноӣ барои аввалин бор зикр ва таъкид мешавад.
Ҷаноби Салимзода гуфт, ҳадаф аз ворид кардани моддаи хос барои шиканҷа ҷилавгирӣ аз аъмоли ғайриқонунӣ ва ғайриинсониест, ки кормандони мақомоти интизомӣ бар зидди афроди мазнун ё гумонбар ва дастгиршуда барои иқроршавӣ истифода мекунанд.
Ворид кардани моддаи махсус дар робита ба шиканҷа дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро бештари вакилони порлумон ва низ мудофеони ҳуқуқи башар дастгирӣ карданд. Абдуқаюм Юсуфӣ, як тан аз вакилони мудофеъ дар шаҳри Душанбе гуфт, Тоҷикистон қадам ба қадам қонунҳои худро бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ месозад ва ворид кардани моддаи хос барои шиканҷа ва сангинтар кардани ҷазо барои ин рафтори хилофи қонун низ бар пояи тавсия ва пешниҳодҳои созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст.
Ҷаноби Юсуфов афзуд, ӯ ба унвони як нафар ҳуқуқшинос аз чунин тағйирот дар қонуни кайфарӣ ё ҷиноӣ истиқбол мекунад: "Шахсан ҳамчун ҳуқуқшинос умедворам, ки дар оянда кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз андешидани чораҳои ғайриқонунии гирифтани баёноти худиқроршавӣ аз шахсони гумонбаршаванда худдорӣ мекунанд."
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, узви порлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, нафари дастгиршуда ё мазнун ҳеҷ гуна имконияти дифоъ аз худро надорад. Ба ин далел, мегӯяд Кабирӣ, муҷозот барои афроди дорои масъулияти махсус бояд сангинтар муқаррар шавад. "Аз нигоҳи мо як каме муҷозот сабуктар аст. Аз ин рӯ, беҳтар буд, барои ин навъи ҷазо муҷозот ҳам қавитар карда шавад. Барои ҷилавгирӣ аз шиканҷа",-илова кард ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон аз шикояти фаровони интихобкунандаҳо ба унвони онҳо аз бадрафторӣ ва азияту шиканҷаи ходимону бозрасони ниҳодҳои интизомии кишвар ёдовар шуд. Вай гуфт, аммо ҳолатҳои ба ҷавобгарӣ кашида шудани чунин масъулон тақрибан, ки ба мушоҳида намерасад.
Вале Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон аз мавридҳои мушаххасе ёдовар шуд, ки ба маҳзи озор ва азияти ҷисмонӣ расонидан афроди масъул ба давраҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Вай гуфт, "соли гузашта чор нафар корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон барои ба ҳалокат расонидани як нафар маҳбус ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида ва аз 8 то 12 соли зиндон маҳкум шуданд."
Дар зимн, додситони куллли Тоҷикистон дар чандин нишастҳои матбуотии худ мавҷудияти мавридҳои шиканҷа ва азияти ҷисмонӣ дар идораҳои интизомии кишварро тасдиқ карда ва бар сангинтар шудани ҷазо ба ин навъи ҷиноят талош мекард.