Марзҳои ҷанубии ИДМ ҳамоно дар хатар

Намояндаи Русия дар нишасти Душанбе гуфт, хатари бештар аз кишварҳои Афғонистон ва Покистон меояд.
Дувоздаҳ гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддир ва инсон дар пайи амалиёти муштараки нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви ИДМ тайи як соли ахир хунсо шудаанд.

Владимир Проничев, муовини аввали Хадамоти федеролии амнияти Русия дар ин бора пас аз нишасти навбатии ниҳодҳои марзбонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар Душанбе сӯҳбат кард.

Ӯ афзуд, аксари ин гурӯҳҳо қочоқбарони маводи мухаддиранд, аммо тиҷорати инсон аз Афғонистон ба самти Аврупо дар ин байн падидаи нав буд: "Алайҳи чанд гурӯҳи фаромарзии ҷинояткор, ки бо интиқоли инсон ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Ғарб аз Афғонистон тариқи Тоҷикистону Русия ба Финландия машғул буданд, амалиёт гузарондем. Онҳо аз Маскаву Санкт-Петербург бо истифода аз нақлиёти гуногун ба Финландия мебаромаданд. Мо дар ҳамдастӣ бо мақомоти зидахли Финландияву Тоҷикистон ва Афғонистон ин шабакаи муҳимро ошкор ва дар ин самт ҷинояткориро ба таври назаррас коҳиш додем."

​Ҷаноби Проничев ҳамчунин ҳамкориҳоро идеологияи нишасте унвон кард, ки дар Душанбе бо ширкати ниҳодҳои марзбонии Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳии марзбонии ИДМ баргузор шуд.

Владимир Проничев

Шералӣ Мирзо, сарвари Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, муқобила бо ҷинояткории фаромарзӣ дар қисмати Осиёи Марказии ИДМ ва вазъи марзҳои миёни кишварҳои ин паҳно мавзӯи аслии ин баррасиҳо буд. "Дар ҷаласа вазъи марзҳои кишварҳои ИДМ дар минтақа таҳлил шуд. Мо иттилои заруриро барои сарварони кишварҳо омода кардем. Бархӯрди муштараки худро дар ҳолатҳои бӯҳронӣ дар марзҳои кишварҳои минтақаро баррасӣ ва мувофиқа намуда, дар бораи мониторинг ва таҳлили вазъ пешниҳодҳои худро ироа кардем",-афзуд ӯ.

​Қаблан хабаргузориҳо ба нақли қавл аз мақомоти Қирғизистон иттилоъ дода буданд, ки соли 2011 дар марзҳои ҷанубу ғарбии ин кишвар 53 низои марзӣ сар задааст, аз ҷумла 14 низоъ бо Тоҷикистон ва 39 мавриди дигар бо Узбакистон. Ба қавли ин манбаъ, сабаби ин низоъҳо то ба ҳол муайян ва аломатгузорӣ нашудани марзи миёни кишварҳо будааст. Владимир Проничев бо ишора ба ин низоъҳо гуфт, фармондеҳии муштараки марзбонии ИДМ ҳамеша омода аст аз ҳамчунин ҳаводис дар сарҳадҳо ҷилавгирӣ кунад, аммо ба қавли ӯ, ҳоло хатари бештар аз кишварҳои ноамн ва ҳамсояи паҳно - Афғонистон ва Покистон меояд ва Русия омода аст, ки ин марзҳоро тақвият бахшад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳушдори генерали рус аз хатар дар марзҳои ҷанубии СНГ



Шералӣ Мирзо

Марзи Тоҷикистон аз сӯи мақомоти Русия гоҳо марзи муштараки ИДМ унвон мешавад, ки то соли 2006, яъне замони хуруҷи марзбонони рус аз сӯи ниҳодҳои марзбонии Русияву Қазоқистон ҳимоят мешуд. Як соли ахир дар бораи бозгашти дигарбораи марзбонони рус ба минтақа сарусадои зиёд шуд, ки дар ниҳоят созишномае миёни Тоҷикистону Русия ба тасвиб расид. Бар пояи он, Тоҷикистон бояд худ марзҳояшро ҳимоят кунад ва Русия танҳо бо теъдоди маҳдуди мушовиронаш дар назорати марз ширкат хоҳад кард.

Муовини аввали Хадамоти федеролии амнияти Русия гуфт, кишвараш ба Тоҷикистон кӯмакҳои фаннии худро ироа хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки беш аз 5 сол ба ин сӯ Амрикову Аврупо кишварҳои аслии кӯмакрасон дар тақвияти марзҳои Тоҷикистон ҳастанд. То ба ҳол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамасола беш аз 10 миллион доллар ва Иттиҳодияи Аврупо тариқи барномаҳои мусоидат ба тақвияти марзҳои Осиёи Марказӣ (BOMCA) ва назорати маводи мухаддир (CADAP) аз соли 2003 то 2010 27 миллион евро кӯмаки билоиваз кардаанд.

Аркадий Дубнов

Аркадий Дубнов, коршиноси рус мегӯяд, бо он вуҷуд ки нақши Русия дар назорати марзҳои Туркманистону Узбакистон бо Афғонистон нақше надорад, то ба ҳол заминае барои ин андеша, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бозиро ба Амрикову Аврупо бохтааст, пайдо нашудааст. Вай афзуд, "ҳоло Русия қисман назорати марзҳои Тоҷикистону Афғонистонро аз даст медиҳад. Аммо ин як раванде нест, ки ниҳоӣ шавад. Тоҷикистон мустақилона марзҳояшро назорат мекунад. Ба бархе дар Русия ин маъқул нест ва далели қавие ҳам дар Маскав ҳаст, ки агар марзбонони рус дар ин марзҳо набошанд, маводи мухаддир ба Русияву Осиёи Марказӣ сарозер мешавад."

Коршиносон мегӯянд, хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар соли 2014 бо он вуҷуд ки ҳузури Амрикову Аврупо дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистонро ба сифр баробар намекунад, равзанаи умедеро ҳам ба рӯи Русия боз мекунад, ки ҳамеша ҳузурашро дар ин минтақа нигоҳ дорад.