Наҷотбахшон аз зери овори бинои истиқоматии фурӯрафта дар шаҳри Аштархони Русия аҷсоди 3 танро берун овардаанд. Ҷустуҷӯи 10 сокини дигари ин бино идома дорад. Вазорати ҳолоти изтирории Русия мегӯяд, аз зери овор 26 нафарро зинда берун кашидаанд ва 7 тани онҳо ба табобат ниёз доранд.