Бозгашти паҳлавонони тоҷик бидуни ҷоизаҳои Лукашенко

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштии самбо барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ноком шуданд.
Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки ҳамзамон яке аз давраҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб меёфт, бо ширкати варзишгарони 20 кишвар дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск баргузор шуд.

Ҷаноби Абдуллоҳ афзуд, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Тоҷикистонро панҷ гуштигир - Акмалиддин Каримов (57 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Сайфиддин Раҷабов (74 кг), Абдуваҳҳоб Сатторов (82 кг) ва Бобури Насимҷон (90 кг) намояндагӣ карданд.

Аз миёни паҳлавонони тоҷик Мустафо Ҳасанов ва Абдуваҳҳоб Сатторов нисбатан хубтар ҳунарнамоӣ карда, ҷойҳои панҷумро касб намуданд.

Дар ҳисоби дастаӣ тими мунтахаби Беларус бо касби 15 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) ғолиб шуд. Дастаи Русия (1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи дувум ва тими Қазоқистон (1 тилло, 2 нуқра) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ, гуштигирони тоҷик дар айни ҳол ба мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Анатолий Харлампиев, яке аз поягузорони самбо, омодагӣ мебинанд. Ин мусобиқа, ки ҳамзамон Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, авохири моҳи март дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад шуд.