Талошҳо ба хотири раҳоии ду хабарнигори бритониёӣ, ки як гурӯҳи чирикиҳои собиқ дар Либия асирашон гирифтааст, идома дорад. Хабарнигор Николас Девис ва наворбардор Гарет Монтгомерӣ-Ҷонсонро аъзои бригадаи Мисрота гаравгон гирифта, дар Троблус нигоҳ медорад. Маълум нест, ки онҳо ба чизе айбдор мешаванд ё хайр. Human Rights Watch гуфт, ба ин созмони ҳомии ҳуқуқ имкони дидор бо хабарнигоронро надоданд.