Ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон талаб доранд, ки тасвиби Кодекси нави андоз ба таъхир гузошта шавад.
Ин масъала дар мулоқоти ширкатҳои интернетрасон бо сарпарастони хориҷии Тоҷикистон, аз қабили Сандуқи байнулмилалии пул, Ширкати байнулмилалии молиявӣ, Бонки осиёии рушд, Кумиссиюни Аврупо, САҲА, Бонки ҷаҳонӣ ва СММ матраҳ шудааст.
Аз ин пештар низ ширкатҳои интернетрасон ба сарпарастони хориҷӣ бо як нома муроҷиат карда, хостори як таҳлили натиҷаҳои таъсири Кодекси нави андози Тоҷикистон ба иқтисоду иҷтимои кишвар шуда буданд. Қарор аст, ҳукумати Тоҷикистон дар миёнаҳои соли равон Кодекси нави андозро қабул кунанд, ки ба қавли коршиносон, бақия имкониятҳои тиҷорату соҳибкориро аз дасти соҳибонашон хоҳад гирифт.
Парвина Ибодова, сарвари Анҷумани ширкатҳои интернетрасон мегӯяд, ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон пеши созмонҳои сарпарасти Тоҷикистон ду масъала, яке мухолифат ба Кодекси нави андоз ва дигаре, ба қафо партофтани мӯҳлати онро гузоштаанд.
Ба қавли ӯ, ин пешниҳодҳо аз сӯи аксари сарпарастони ҳозирбуда хуш пазируфта шуд. "Аммо як нукта аҷиб буд, ки ба мулоқот бо мо намояндагони Сандуқи байнулмилалии пул ё IMF наомаданд. Ин созмон яке аз созмонҳои дахил дар ин Кодекс аст, яъне дар таҳияи он ширкат мекунад. Аммо он қадар, ки хабар дорем, онҳо бо ҳеҷ як аз ҷомеаи шаҳрвандӣ то ба ҳол омода нашудаанд, ки сӯҳбат кунанд",-афзуд хонум Ибодова.
Нигарониҳои ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон аз ин аст, ки дар моддаҳои 205 ва 206-и Кодекси нави андози Тоҷикистон тамоми намудҳои алоқаи барқӣ, аз қабили ҳама намуди алоқаи телефониву интернет ба рӯйхати намудҳои зераксизии фаъолият дохил хоҳанд шуд.
Як нафари масъул аз гурӯҳи кории таҳияи кодекси мазкур, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ширкатҳои интернетрасон ва мобилӣ дар Тоҷикистон майдони хеле фарох доранд ва фоидаҳояшон ҳам дар қиёс бо дигар навъи фаъолиятҳо бештар аст. Ба қавли ӯ, дар ҳоли ҳозир равона кардани фоидаи онҳо ба ғанисозии буҷа мувофиқи мақсад аст.
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадӣ Ибодуллоев, сарвари Гурӯҳи ташаббускори пешбурди интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, аксиз асосан барои ҷуброни саломатии мардум аз сӯи ширкатҳое супорида мешавад, ки ба муҳит зиён меоранд. Вай афзуд, "бо воситаи технологияҳои мобилӣ чандин намуд хизматрасониҳо сурат мегиранд. Онҳо кори мардумро осон мекунанд. Ин зарар надорад. Баръакс, баландравии нарх мардумро аз онҳо метарсонад. Бигзор кам ҳам бошад. Хулоса, мо агар пештар даҳ қадам мемондем, пас аз ин қонун панҷ қадам хоҳем монд ба пеш."
Ҷаноби Муҳаммадиев гуфтугузорҳо дар бораи онро, ки гарон шудани нарх як тасмими сиёсӣ ва коҳиш додани инқилобҳои интернетӣ аст, рад карда гуфт, қалб аз ҳама ҳалаф иқтисодӣ ва афзудани даромади буҷа аст.
Қонуни нави андозро ҳукумати Тоҷикистон моҳи июни соли гузашта таҳия шуда, қарор аст, моҳи оянда аз порлумон дигарбора ба ҳукумат пешниҳод шавад. Иддае аз соҳибкорон ҳам бар инанд, ки он мӯҷиби аз даст рафтани охирин имконоти рушди тиҷорату соҳибкорӣ дар кишвар хоҳад шуд. Ҳамсӯҳбати мо дар мақомот ҳам гуфт, то ба имрӯз ҳудуди 1000 пешниҳоду дархост дар бораи ин қонун ба гурӯҳи корӣ ворид шудааст.
Аз ин пештар низ ширкатҳои интернетрасон ба сарпарастони хориҷӣ бо як нома муроҷиат карда, хостори як таҳлили натиҷаҳои таъсири Кодекси нави андози Тоҷикистон ба иқтисоду иҷтимои кишвар шуда буданд. Қарор аст, ҳукумати Тоҷикистон дар миёнаҳои соли равон Кодекси нави андозро қабул кунанд, ки ба қавли коршиносон, бақия имкониятҳои тиҷорату соҳибкориро аз дасти соҳибонашон хоҳад гирифт.
Парвина Ибодова, сарвари Анҷумани ширкатҳои интернетрасон мегӯяд, ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон пеши созмонҳои сарпарасти Тоҷикистон ду масъала, яке мухолифат ба Кодекси нави андоз ва дигаре, ба қафо партофтани мӯҳлати онро гузоштаанд.
Нигарониҳои ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон аз ин аст, ки дар моддаҳои 205 ва 206-и Кодекси нави андози Тоҷикистон тамоми намудҳои алоқаи барқӣ, аз қабили ҳама намуди алоқаи телефониву интернет ба рӯйхати намудҳои зераксизии фаъолият дохил хоҳанд шуд.
Як нафари масъул аз гурӯҳи кории таҳияи кодекси мазкур, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ширкатҳои интернетрасон ва мобилӣ дар Тоҷикистон майдони хеле фарох доранд ва фоидаҳояшон ҳам дар қиёс бо дигар навъи фаъолиятҳо бештар аст. Ба қавли ӯ, дар ҳоли ҳозир равона кардани фоидаи онҳо ба ғанисозии буҷа мувофиқи мақсад аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад