Меркел барои қатлҳои нажодпарастона узр хост

Сарвазири Олмон Ангела Меркел барои қатли ҳашт турк, як юнонӣ ва як полис аз дасти нажодпарастон узрхоҳӣ кард. Маъзарати ӯ дар расми гиромидошти хотираи қурбониён дар Берлин садо дод. Меркел ин қатлҳоро, ки аз соли 2000 то 2007 ба вуқӯъ пайваста, танҳо акнун ошкор шудаанд, зарба ба демократияи Олмон номид.