Владимир Путин дар ҳузури тарафдоронаш гуфт, имкон нахоҳад дод, ки касе дар умури Русия дахолат намояд.
Владимир Путин, номзад ба мақоми раисиҷумҳури Русия дар ҷамъи ҷонибдоронаш дар варзишгоҳи "Лужники"-и Маскав гуфт, ба дахолат ба умури дохилии Русия роҳ нахоҳад дод.
Ӯ аз ҳозирин изҳори сипос кард ва онҳоро "муҳофизони ҳақиқии ватан номид". Владимир Путин бо ишора ба мухолифини ҳукумат гуфт, “мо аз ҳама хоҳиш мекунем, ки ба хориҷа нигаҳ накунанд, ба сӯи чап надаванд ва ба ватани худ хиёнат накунанд. Балки ҳамроҳи мо бошанд ва ба барои ватану барои мардумашон кор кунанд. Ва онро чун мо дӯст доранд. Аз самими қалб дӯст доранд."
Ба иттилои расмӣ, дар гирдиҳамоии пуштибонӣ аз Владимир Путин беш аз 130 ҳазор нафар ширкат доштанд. Ширкатдорон субҳ дар "Фрунзенская набережная" ҷамъ омада, бо шиорҳо то варзишгоҳи “Лужники” раҳпаймоӣ карданд. Бархе расонаҳо навиштанд, ки созмондиҳандагон барои ширкат дар ин ҳамоиш аз Свердловск 700 коргарро оварданд.
Рӯзи 23-юми феврал дар Маскав ҷонибдорони дигар номзадҳо – раиси Ҳизби коммунист Геннадий Зюганов ва раиси ҳизби либерал-демократӣ Владимир Жириновский ҳам гирдиҳамоӣ доир карданд. Зюганов бори дигар хостори одилона сурат гирифтани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шуд. Жириновский бори дигар ваъда дод, ки дар кишвар барои мардуми камбизоат манзили бепул бунёд мекунад ва даъват ба артишро ба таври ихтиёрӣ ба роҳ мемонад.
Дар ин гирдиҳамоиҳо, ба гуфтаи мақомоти пулиси Маскав, аз 1,5 то 3 ҳазор нафар ширкат доштанд. Барои таъмини тартибот дар пойтахти Русия даҳ ҳазор корманди пулис сафарбар шудаанд. Онҳо субҳи 23-юми феврал тақрибан 70 шаҳрванди Узбакистонро барои талоши дасиса дар гирдиҳамоии ҷонибдорони Владимир Путин боздошт карданд. Дар изҳороти раёсати умури дохилии Маскав гуфта шудааст, созмондиҳандагони дасиса мехостанд бо пардохти 600- рублӣ ҳамшаҳриҳои худро дар Лужники гирди ҳам оваранд. Яке аз узбакҳо дар даст овезаи “Моро маҷбурӣ ба ин ҷо овардаанд!”-ро доштааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад