Эрон дар Тоҷикистон "шаҳраки саноатӣ" хоҳад сохт

Эрону Тоҷикистон дар бораи сохтмони як шаҳраки саноатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба тавофуқ расидаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон барои ин сохтмони шаҳрак 100 гектар замин ихтисос додааст. Ҳамидуллохон Фақеров, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ба "Озодӣ" гуфт, сохтмони чунин шаҳрак ба нафъи пешрафти иқтисод ва тиҷорати кишвар хоҳад буд.

Ҷаноби Фақеров ҳадафи аслиро аз сохтмони ин шаҳрак чунин тавзеҳ дод: "Барои Тоҷикистон ин имконияти истеҳсоли маҳсулот барои бозори дохилӣ -- ҳам колоҳои саноатӣ ва маводи ғизоиро медиҳад, ки ҳадаф ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва кам кардани воридоти колоҳо аз хориҷа аст. Ҳадафи дигар ба Тоҷикистон ворид шудани фанновариҳои ҷадид ва истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои берунӣ ва аз Тоҷикистон содир кардани ин молу маҳсулот ба бозорҳои кишварҳои минтақа аст."

Муовини вазири рушди иқтисод дар посух ба суоли "Озодӣ" дар ин бора ки "оё таҳримҳои эъмолкардаи Амрикову Аврупо ба Эрон дар сохтмони ин шаҳраки саноатӣ ва таҳкими ҳамкориҳои Теҳрону Душанбе дар оянда халал ворид намекунад?" гуфт: "Аз он ҷо ворид кардани таҷҳизоти фаннӣ ва дастгоҳу мошинолот ба Тоҷикистон мушкиле надорад. Вале мусаллам аст, ки таҳримҳои ҷорикарда ба бонкҳои Эрон дар интиқоли маблағҳо мушкил эҷод хоҳанд кард."

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Дар ин ҳамкорӣ масъалаи дигаре, ки мояи нигаронист, ба кор ҷалб кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аст, на хориҷӣ. Дар ҳоле ки Чин яке аз шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон, дар барномаҳои иқтисодии худ дар кишвари мо 90 дарсад шаҳрвандони Чинро ҷалб мекунад. Ҳамидуллохон Фақеров гуфт, ба тарҳи сохтмони шаҳраки саноатӣ бештар тоҷирони тоҷики бурунмарзӣ алоқамандӣ зоҳир кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон -- “ТоҷИрон”, ки ба истеҳсоли тракторҳо дар машғул аст, дар чанд соли ахир муваффақ набуд. Ҳамчунин, мошинҳои сабукрави "Саманд"-и сохти Эрон низ дар Тоҷикистон харидор пайдо накард. Ҷаноби Умаров дар муваффақ набудани ин ширкат мақомоти Тоҷикистон ва сиёсати андози ҷумҳуриро масъул донист. Зеро ба гуфтаи ӯ, агар қоидаҳои андозбандии кишвар таҷдиди назар нашавад, "шаҳраки саноатӣ" низ дар оянда ба натиҷае ноил нахоҳад гардид.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Душанбе барои "шаҳраки саноатӣ" замин ҷудо кард



Давлатмурод Ҷумъаев

Аммо Давлатмурод Ҷумъаев, коршинос дар умури иқтисод, сохтмони шаҳраки саноатиро аз ҳама ҷиҳат ба нафъи Тоҷикистон хонд. Вай афзуд, “агар мо коркарди алюминиюми хомро, ки ба хориҷа содир мекунем, дар дохили кишвар дар корхонаҳои саноатии ин шаҳрак ба роҳ монем, даҳчанд аз содироти маҳсулоти омодашуда фоида ба даст меорем. Нахи пахта низ ҳамчунин. Ба ин васила мо беш аз сад ҳазор ҷойи корӣ пайдо мекунем.”

Ба гуфтаи ҷаноби Ҷумъаев, бар илова давлат аз ҳисоби андози ин корхонаҳо ба буҷа маблағи зиёд ворид хоҳад кард. Вай афзуд, ҳар қадаре ки тавлиди колоҳои мухталиф дар дохили ҷумҳурӣ зиёд шавад, иқтисод ҳамон қадар рушд хоҳад кард.

Аббос Баёнӣ, масъули бахши иқтисоди сафорати Эрон дар Тоҷикистон низ гуфт, дар гуфтугӯҳои ҳайати эронӣ бо мақомоти Тоҷикистон, ки аз 22-юми феврал дар Душанбе оғоз шуд, ҳамин масъалаҳо матраҳ аст.

Ба қавли масъулони вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи 24-уми фверал ҳайати эронӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ рафта, бо маҳалли шаҳраки саноатии бунёдшаванда ошно хоҳад шуд.