Вазорату кумитаҳои давлатӣ духтарони ятими ба синни балоғат расида дар Маркази "Чароғи ҳидоят"-ро оиладор карданиянд. Дар баробари ин ки онҳоро бо кор ҳам таъмин менамоянд.
Шоира, яке аз чунин духтарҳост, ки акнун бо кӯмаки ниҳодҳои давлатӣ соҳиби диплом ва оила мешавад.
Сарнавишти Шоира аз ятимдухтарҳои дигар зиёд фарқ надорад. Ҳамаро сару савдое ба инҷо овардааст. Яке модар гум кардаасту дигар падар. Яке аз тангдастии хонавода ба ин ҷо омадаст, дигаре аз зулми модарандару падарандар. Аммо аксари онҳо дар ятимхонаҳо бузург шудаанд ва баробари расидан ба балоғат ба ин марказ кӯчиданд.
Шоира дар сесолагӣ аз падар маҳрум шуд ва бо модару бародари кӯчакаш дар ноҳияи Вахш танҳо монд. Тавони моддии модараш ба тарбияи Шоира нарасид, ки ӯ пас аз хатми мактаб бо кӯмаки ҳукумати маҳаллӣ ба маркази таълимии "Чароғи ҳидоят" интиқол ёфт.
Шоира ҳоло 18-сола шудааст ва дар курси аввали Донишгоҳи миллӣ дар бахши муҳандисӣ таҳсил мекунад. Ӯ ҳамроҳ бо 70 ятимдухтари дигар дар Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят” ба сар мебарад. Шоира мегӯяд, "аз моҳи сентряи соли 2011 дар ҳамин ҷо зиндагӣ дорам. Бо дастгирии марказ ман ба Донишгоҳи миллӣ шомил шудам. Мехоҳам, ки соҳиби касб ва хонаводаи худ бошам." Робитаи Шоира бо модараш канда нашудааст, аммо бо хешовандони дигар, ки дар рӯзҳои душвор мададгораш набуданд, рафтуомад надорад.
Шоира ва дугонаи наздики ӯ Шукрона ба гурӯҳи нимаятимон дохил мешаванд. Шукрона модар надорад. Падари ӯ пас аз вафоти модараш ба зани дигар издивоҷ кард, ки натавонист ҷойи модари ӯро бигирад. Ӯ шаш сол боз дар ин марказ ба сар мебарад. Орзу дорад, ки табиб шавад ва ҳоло дар курси панҷуми Донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекунад. Шукрона мегӯяд, "аз замоне ки модарам даргузашт, рӯзе нест, ки оби чашм нарезам. Моро ҳоло танҳо ду вазорат -- дифоъ ва корҳои дохилӣ ба кор мегирад. Мехоҳам, ки ҳамсари ман дар зиндагӣ марди хуб бошад. Зиндагиро дарк кунад, мо ҳам ятим бошем, аммо духтарони тоҷикем."
Бошандагони маркази таълимии ятимдухтарҳо, ки дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст, дар бораи гузаштаи худ сӯҳбат карданро дӯст намедоранд. Зеро зуд чашмонашон пури об мешавад ва гиря гулӯгир мекунад. Таисия Лимаренко, бошандаи дигари ин марказ ҳоло 25 сол дорад ва дар Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик ба кор қабул шудааст. Кумита дар баробари таъмини ҷойи кор, вазифадор аст, ки дар барпо кардани як оилаи солим ба Таисия кӯмак кунад.
Лолахон Сатторов, роҳбари Иттифоқи касабаи Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки ҳоло Таисия ҳармоҳи ӯ кор мекунад, мегӯяд, ки акнун дар интизори номзади сазовор ҳастанд: "Таисияро бо хона ҳам таъмин хоҳем кард. Ин иқдом дар пояи супоришҳои сарвари давлат ҳастанд, ки мегӯяд, ятимонро дастгирӣ кунед. Хароҷоти тӯйи Таисия ҳам аз ҳисоби кумита гузаронида мешавад ва мо мунтазири домодшавандаҳо ҳастем."
Сайлӣ Бобоева, роҳбари Маркази "Чароғи ҳидоят" мегӯяд, духтарони ятим баъд аз хатми мактаб-интернатҳои бепарастори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ин марказ оварда мешаванд. Ҳоло дар ин марказ 70 духтар ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Аксари духтарон аз деҳот омадаанд, ки бесаробон мондаву дар мактаб-интернатҳо ба воя расидаанд.
Хонум Бобоева мегӯяд, аксари духтарон ба кор дар вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳ доранд. Ҳоло се нафар барои кор ба ин сохтор ариза навиштаанд ва мунтазири посухи вазорат ҳастанд. Вазорати дифоъ 8 нафар духтари ин марказро ба кор қабул кардааст.
Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят" соли 2008 бо ҳимояти раисиҷумҳур дар назди Кумитаи занон таъсис ёфта ва аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад. Ҳамзамон созмонҳои байнулмилалӣ низ ба ин марказ кӯмакҳои молӣ ва фаннии худро мерасонанд.