Созмонҳои ғайридавлатӣ аз мақомот тақозо карданд, ки аз Кодекси ҷиноӣ моддаи таъқибу муҷозот барои таҳқир ва тӯҳматро лағв кунанд.
Гуфтугӯи ошкоро дар ин мавзӯъ дар миёни гурӯҳи кории давлатӣ, Омбудсмени ҷумҳурӣ ва вазири адлия баргузор шуд.
Дар ин гуфтугӯ созмонҳои ғайридавлатӣ талош карданд, ки ҳадди риски ин моддаи қонун ба ҷомеаи Тоҷикистонро ба мақомоти давлатӣ собит кунанд.
Зулфиқор Замонов, аз Дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки дар ин гуфтугӯҳо ширкат дошт, гуфт, дар қонуни кишварҳои демократӣ ҳамчунин модда вуҷуд надорад. Вай афзуд, вуҷуди ин модда метавонад боиси коҳиши озодии баён ва афзоиши сензура шавад.
Ҷаноби Замонов барои мисол гуфт, "вақте як шахс ё рӯзноманигор аз фаъолияти як мақоми давлатӣ интиқод мекунад, ин мақомдор онро таҳқир ё тӯҳмат ҳисобида, ба додгоҳ муроҷиат мекунад. Бо истифода аз мақомаш ва фишор ҳукми додгоҳро ба нафъи худ анҷом медиҳад." "Ба ин далел риск вуҷуд дорад, ки як нафар таъқиб ва муҷозот шавад. Бо дар назар гирифтани хислати ҷомеаи Тоҷикистон ва вуҷуди фасод мо пешниҳод дорем, ки ин мавзӯъ на бар асоси Кодекси ҷиноӣ, балки бар асосӣ Кодекси шаҳрвандӣ баррасӣ шавад",-афзуд ӯ.
Вале мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон бар онанд, ки ҳар як шахс ҳақ дорад, аз обрӯи худ дифоъ кунад. Ойниҳол Бобоназарова, як тан аз ҳуқуқдонҳои саршиноси ҷумҳурӣ низ мухолифи вуҷуди ин модда дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аст. Ӯ гуфт, "вуҷуди ҳамин гуна моддаҳо дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ин як фишанги сахти режимҳоест, ки демократӣ нестанд. Системаи мо, ки пӯшида ва фасодзада аст, шаффофият надорад, ҳамин модда ба наъфи мақомот аст, на ба нафъи рӯзноманигор ва ё шахсе, ки аз фаъолияти мақомот интиқод мекунад."
Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), қазияи додгоҳии рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов аз ноҳияи Ашт ва қазияи додгоҳии ҳафтавори "Миллат" мисоли рӯшани риск ва маҳдудияти озодии баён бо истифода аз ҳамин моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти ноҳияи Ашт навиштаҳои Исмоиловро таҳқиру тӯҳмат донситанд, вале мардум ин навиштаҳоро ошкорбаёнӣ дар ҷомеаи демократӣ талаққӣ кардаанд. "Ҳафтавори "Миллат" дар бораи ғайриқонунии масрафи пули буҷаи давлат аз сӯи вазорати кишоварзӣ ба нақл аз қавли кумитаи иқтисод ва буҷаи порлумони Тоҷикистон навишта буд. Вале додгоҳ ҳафтаворро дар тӯҳмат айбдор кард",-илова намуд Қаршибрев.
Ба гуфтаи раиси НАНСМИТ, вуҷуди ин модда воситаест, ки давлат тавассути он даҳони рӯзноманигоронро мебандад. Дар ин нишаст дар бораи риски зарари ин модда ба ҷомеа мисолҳои зиёде ироа шуд, вале мақомоти Тоҷикистон вуҷуди ин моддаро бар зарари ҷомеа ва шаффофияту озодии баён надонистанд.