Президенти Тотористон гуфт, Русия ба як подшоҳ ниёз дорад

Раисиҷумҳури Тотористон мегӯяд, Русия на ба раҳбари давлат, балки ба як подшоҳ ниёз дорад. Дар дидор бо хабарнигорон дар Қазон Рустам Миннихонов гуфт, вай хеле дилсард хоҳад шуд, агар мардуми Тотористон ба тарафдорӣ аз Владимир Путин раъй надиҳанд, зеро Путин барои тоторҳо хидматҳои бузург кардааст. Ҳизби Путин дар интихоботи Дума дар Тотористон 78 дарсад раъй гирифта буд, ки аз сатҳи миёна дар Русия ба маротиб баландтар аст.