Кабирӣ:"Давлат ва дин ба музокира ниёз доранд"

Мазҳабитар шудани ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ интизороти мухталиферо аз ояндаи минтақа ба вуҷуд овардааст.
Дар ҳамоиши байнулмилалии «Рушди ислом Дар Осиёи Марказӣ” коршиносони ғарбӣ ва шарқӣ аз ду нуқтаи назари зидди ҳам намояндагӣ карданд. Ғарбиҳо гуфтанд, дар Осиёи Марказӣ раванди мазҳабишавӣ ҷараён дорад, ки метавонад, пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 таҳти таъсири қувваҳои беруна қарор гирад ва минтақаро ноором намояд. Аммо исломшиносони маҳаллӣ гуфтанд, шоҳиди як раванди муқаррарии бозгашти Ислом ба минтақаанд ва ба мусулмонӣ рӯ овардани аҳолие, ки дар гузашта мусулмон буд, пайомади хатарноке надорад.

Омили хатарро бархе аз ширкаткунандагони конфаронс дар муносибатҳои байни давлат ва дин диданд, ки динситезии як тараф сабаби радикализми тарафи дигар ва ба равияҳои тундгаро пайванд гаштани мусулмонон мешавад.

Аксари коршиносон Тоҷикистонро намуна оварданд ва гуфтанд, равандҳои наве амсоли ифротгароии динӣ миёни давлат ва мазҳаб нобоварӣ ва ихтилоф эҷод кардаанд. Ба қавли коршиносон ягона роҳи ҳалли ин мушкил музокира аст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон гуфт, барои ҳамвор кардани роҳ ва бартараф намудани омилҳои хатар давлат ва мухолифонаш бояд ба гуфтушунид, тафоҳум ва ҳамкорӣ бартарӣ диҳанд. Вай аз ҷумла гуфт: «Набояд аз он ҳаросид , ки давлат бо як гурӯҳи исломӣ нишастаасту музокира дорад ва ҳам исломиҳо наҳаросанд, ки бо давлат гуфтушунид дорад. Имсол 15-умин солгарди имзои созишномаи сулҳи мо мебошад, ки ин гуфтушунид авҷи музокираи миллӣ буд. Музокираи дуруст дар соли 2012 ҳамин муколамаи миллӣ мебошад, ки таҷрибаашро дорем. Манзури ман ин аст, ки фаҳмиши нодуруст ва дарки нодуруст дар робита ба ислому шахси мазҳабӣ аз назари як дунявӣ аз байн бурда шавад.»

Ин суханонро Кабирӣ рӯзи сешанбе дар пойтахти Тоҷикистон дар конфронсе таҳти унвони «Рушди ислом Дар Осиёи марказӣ: равандҳои ҷадид, вуҷуди масъалаҳо ва роҳи ҳалли онҳо” иброз дошт, ки бо ибтикори "AsiaPlus Media Group" баргузор шуд. Дар конфронс баҳси кушоду озод дар робита ба мушкилоти миёни арзишҳои дунявӣ ва динии ҷомеаҳои кишварҳои Осиёи марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон сурат гирифт ва сабаби ин озодгӯиҳо шояд аз ин хотир буд, ки аз аҳли уламои расмии кишвар намояндае ҳузур надошт.

Ширкаткунандагон ҳамчун намуна баҳс рӯи масъалаи ҳамзистии осоиштаи як хоҳари мазҳабӣ бо як бародари дунявӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро арзёбӣ карданд.

Исломшиносон ин фикрро пеш гузоштанд, ки дар Тоҷикистон ҳама шароит барои эҷоди фазои солим миёни фарди дунявию диндор вуҷуд дорад. Яъне дар Тоҷикистон ҳам ҳизби сиёсии исломӣ фаъол асту ҳам кишвар аз таҷрибаи музокира бо мухолифин ва аз ҷумла мухолифини исломӣ бархурдор аст.

Дар ин нишаст ба унвони намояндаи ҳукумати Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи дин Мухтор Мавлонов ширкат дошт. Ӯ гуфт, ки мақомоти давлатӣ барои эҷоди шароити мусоид дар як ҷомеӣаи мусалмоннишин нисбат ба солҳои пешин бештар талош дорад: «Имрӯзҳо тамоми шароит барои ба ҷо овардани ибодат дар масҷидҳо фароҳам оварда шудаанд. Ва теъдоди масҷидҳо зиёд шуда истодааст. Имрӯз Донишгоҳи исломӣ барои таълими динӣ гирифтани донишҷӯён вуҷуд дорад, ки аз ҳисоби буҷаи давлат фаъолият дорад. Боз литсеи исломӣ амал мекунад, ки беш аз 700 донишҷӯро дар бар мегирад. Мо омода ҳастем, бо тамоми ақшори ҷомеа, бо диндорон баҳс кунем ва аз баҳсҳо ҳақиқат ба даст меояд.»

Дар ин ҳамоиш Сӯҳроб Шарифов - вакили Маҷлиси Намояндагон таъкид кард, ки барои расидани ба фазои осоиштаи дунявӣ бо динӣ набояд исломро бо сиёсат омехта кард. Ӯ афзуд, набояд ба ҳар гуна ҳаводиси кӯчак аҳамияти саросарӣ дод. Оғои Шарифов баҳси хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо бо раиси Шӯрои уламои исломӣ Саидмукаррам Абдулқодирзодаро мисол овард, ки то ҳол дар додгоҳ идома дорад.

Вале таӣкиди исломшиносони ғарбӣ, ки дар ин ҳамоиш ҳузур доштанд, рӯи ин буд, ки барои кам кардани шиддати ҳарос аз ислому нафари мазҳабӣ бояд давлат бо аҳли дину мазҳаби худ музокира кунанд. Исломшинос Удо Штейнбах чунин мегӯяд: «Бале, роҳи дуруст диалог аст, вале на муколамаи академии дилгиркунанда, балки музокирае, ки воқеан хостаҳои ҳамдигарро бароварда кунад ва вақте ки як мазҳабӣ бо як дунявӣ рӯ ба рӯ меоянд, ҳазар аз ҳамдигар дар ҳеҷ масъала надошта бошанд.»
Дар конфронс ҳамчунин ишора шуд, ки барои Тоҷикистон ва хусусан ҳукумати ин кишвар осон нест, ки танҳо бо музокира тамоми мушкилиҳо ва печидагиҳо дар қишри мазҳабии худро бартараф кунад. Ҳозирин ҳамчунин ёдовар шуданд, ки кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ба мисли Узбакистону Қирғизистону Туркманистон ва Қазоқистон низ дучори ҳамин мушкилот ҳастанд.