Ағбаи Анзоб: 200 нафар дар асорати тарма

Акс аз бойгонӣ

Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон зимистони имсоларо, ки дар муқоиса ба солҳои пеш се баробар зиёдтар барф боридааст, бесобиқа хонд.
Ин марказ мегӯяд, дар бархе аз манотиқи кӯҳистон қабати барф аз якуним метр ҳам бештар шудааст.

Субҳи 21-уми феврал, намояндагони ҳукумат ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ ба ағбаи Анзоб рафта, ба 200 мусофири бандмонда ғизо бурдаанд.

Ориф Нозимов, масъули дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода вазъи ин роҳро чунин тавзеҳ дод: “Дар роҳи Душанбе-Чаноқ аз сабаби бориши барфи зиёд имкони тармарезӣ низ вуҷуд дорад. Ба ин далел, Кумита дар ин ҷо ситоди наҷотдиҳии худро ҷойгир кардааст. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 200 нафар мусофирон дар ағба дар муҳосираи тарма мондаанд ва корҳои наҷотдиҳӣ идома дорад.”

Чанд рӯзи пеш Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва ширкати IRS, ки назорати роҳи Душанбе-Чаноқро бар ӯҳда дорад, дар бораи вазъи роҳ ва хатари резиши тарма мардумро огоҳ карда буданд. Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ мегӯяд, то 23-юми феврал роҳи Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ баста аст.

Бо вуҷуди ин ҳама талошҳои Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ мардуми бархе аз навоҳии кӯҳистон аз кори идораҳои нигоҳубини роҳҳо норозиянд. Зеро ба гуфтаи онҳо, роҳҳо аз барф тоза карда намешаванд.

Дар аксҳо: Роғуни барфпӯш

Роғуни барфпӯш



Шарифбек Садриддинов, як сокини ноҳияи Рашт, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ноҳия ду идораи таъмиру нигоҳубини роҳ, яъне минтақавӣ ва ноҳиявӣ фаъол аст, вале ҳеҷ гоҳ роҳҳо рӯфта намешаванд. Вай гуфт, кормандони ин идораҳо ба набудани мошину таҷҳизоти барфрӯбӣ ишора мекунанд. Ӯ афзуд: “Имсол ягон бор роҳҳо аз сӯи ин идораҳо тоза нашудааст. Мардум бо ташаббуси худ хоку гил бурда дар бархе аз роҳҳо рехтаанд. Аз Ғарм то Нуробод ҳамин вазъ аст.”

Вале сардори идораи роҳсозии ноҳияи Айнӣ аз камбуди техника гила надорад. Садридиқул Шербуттаев, раиси ин идора ба Радиои Озодӣ гуфт, “роҳҳои мо кушода аст. Техника ҳаст. Аммо роҳи Душанбе-Чаноқ, ки дар ихтиёри ширкати IRS аст, бастааст. Аз ҷумла, дар ағбаи Шаҳристон, маҳалли 156 то минтақаи Майхӯра. Мошинҳо дар ин тарафи роҳу он тарафи роҳ дармондаанд.”

Пас, суоли матруҳа ин аст, ки ба чи далел дар идораи роҳсозии як минтақа мошину васоили роҳрӯбӣ вуҷуд дораду дар дигараш не. Мо бо ин суол ба вазорати нақлиёти Тоҷикистон муроҷиат кардем. Вале ҳеҷ кас дар ин вазорат ҳозир нашуд, ба ин савол посух бигӯяд.