Наврӯзи байналмилалӣ ва амнияти он

Дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, тадобири амниятӣ ва интизомии бештаре рӯи даст гирифта шудааст.
Аз чанд рӯз ба ин ҷониб, низоми шиноснома ҷорӣ шуда, кормандони милиса хона ба хона сокинони пойтахтро ба манзури санҷиши қайди ҷойи зист мавриди бозрасӣ қарор медиҳанд.

Қаблан, аввалин садое, ки сокинон мешуниданд, нидои "шир-да биё" буд. Ҳоло суоли "шиноснома дорӣ?" аз матраҳтарин нидои бомдод аз ҷониби милисаҳост. Як сокини Душанбе мегӯяд: "Омаданд, гуфтам, дар ин саҳарӣ чӣ гап аст. Гуфтанд, ки паспорт (шиноснома)-ро тафтиш мекунем, барои бехатарии Наврӯз. Шиносномаро диданду рафтанд..."

Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин иқдом таъмини амнияти ҷамъиятӣ дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаи эҳтимолиест, ки имкон дорад дар ҷараёни омодагӣ ва ё рӯзи баргузории ҷашни Наврӯз ва ҳузури меҳмонони хориҷӣ иттифоқ биафтад.

Полковник Кароматулло Раҷабов, сардори шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ин робита мегӯяд: "Бо амри вазири корҳои дохилӣ ва сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе амалиёти тозакорӣ дар шаҳр гузашта истодааст, ки мақсад аз он таъмини оромиву осоиштагӣ ва оромии Душанбе - пойтахт аст. Махсусан дар пешорӯи ҷашни Наврӯз ва ташрифи меҳмонони хориҷӣ."

Аммо ин танҳо Тоҷикистон нест, ки дар остонаи ҷашн ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ тадобири амниятиро дар дохили худ шадид мекунад. Ин таҷрибаи кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон низ ҳаст. Узбакистон, ҳамсояи Тоҷикистон, низ ҳамасола як моҳ пеш аз таҷлили рӯзи истиқлоли худ ва як моҳи дигар ҳам баъди он убуру мурур аз марзҳои худро махсусан ба рӯи Тоҷикистон маҳдуд ва дар бархе маврид комилан қатъ мекунад. Суоле, ки матраҳ мешавад ин аст, ки чаро кишварҳои минтақа ба ин шиддат нигарони масоили амниятӣ ҳастанд ва ин нигаронӣ то куҷо воқеист?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Шиноснома дорӣ?" ба ҷойи "Шир-да биё"...



Султони Ҳамад

Султони Ҳамад, коршиноси масоили амниятӣ мегӯяд: "Нигаронии нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ қобили дарк аст ва ҷой дорад. Аз он сабаб, ки мо 1200 -1300 километр бо Афғонистон марз дорем. Дар он кишвар нерӯҳои байналмилалии терорристӣ вуҷуд доранд, ки мубориза бо онҳо идома дорад. Онҳо метавонанд барои ҳадаф қарор додани шахсиятҳо дар чунин мавридҳо ва аз чунин маросимҳо истифода кунанд. Ба ин хотир ташдиди табодири амниятӣ дар чунин ҳолатҳо як амри пазируфта шудааст. На танҳо дар кишварҳои мо, балки дар ҳамаи кишварҳои дигар низ вақте сарони кишварҳо дар нишасте муштарак мехоҳанд ширкат кунанд, чунин иқдомҳои амниятӣ рӯи даст гирифта мешавад. Ин бояд қобили дарк бошад ва аз сӯи мардум фаҳмида шавад. Албатта, ба баҳонаи тадобири амниятӣ набояд озодиҳои шаҳрвандон халал ворид шавад."

Аммо низоми шиноснома дар пойтахти Тоҷикисон дар ҳоле ҷорист, ки авзои шаҳр зоҳиран бо суботу ором ба назар мерсад. Аммо аз тарафи шаб тадбирҳои бештари амниятӣ назар ба рӯзҳои маъмулӣ андешида мешавад.

Мақомот мегӯянд, ин ҳама иқдомот боз ҳам ба манзури таъмини аминят дар остонаи нишасти байналмилалии сарон дар Наврӯз аст. Ба ин ҷашн, раҳбарони аввали Эрон, Афғонистон, Покистон ва кишварҳои дигари минтақа даъват шудаанд.

Навор аз бойгонии "Озодӣ": Амалиёти "Шиноснома" дар Душанбе

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Амалиёти "Шиноснома" дар Душанбе