Гуфтугӯи чашм ба чашми коршиносони Тошканду Душанбе

Гуфтугӯи ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Як ҳайати коршиносони Узбакистон пас аз зӯҳри рӯзи 20-уми феврал вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд.
Зафар Раҳимҷонов, як масъули сафорати Узбакистон дар Душанбе гуфт, ин ҳайат аз коршиносони умури марз иборат аст, ки то омадани кумиссиюни байниҳукуматӣ таҳти сарварии Рустам Азимов, муовини сарвазири Узбакистон бо ҳамтоёни тоҷики худ масоили марзиро баррасӣ хоҳанд кард.

Ӯ гуфт, ки ҳоло ин музокирот шурӯъ шудаанд: "Дар ҳоли ҳозир, 20 дарсади марзи миёни ду кишвар мувофиқа нашудаанд. Соли 2009 ҷонибҳо изҳор дошта буданд, ки 80 дарсади марз мувофиқа шудааст. Имрӯз дар ҷаласа 20 дарсади бақия баҳс мешавад."

Ҷаноби Раҳимҷонов гуфт, ҷониби Узбакистон умедвор аст, ки дар ин музокирот ҷаҳиши назаррасе барои ниҳоӣ шудани баҳсҳои марзии ду кишвар пеш хоҳад омад. Бино ба манбаъҳои расмӣ, ҳайати ҳукуматии Тоҷикистонро дар ин музокирот Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амният сарварӣ хоҳад кард.

Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам бар ин аст, ки ин музокирот натиҷаи дилхоҳ хоҳанд дод: "Ин музокирот барои ҷонибҳо хеле ҷиддӣ аст ва дар сатҳи баланд баргузор мешавад. Аз ҷониби раёсати мо ҳам намоянда ширкат хоҳад кард ва дар ин масъала мавқеи моро баён хоҳад намуд."

Сафари ҳайати ҳукуматии Тошканд ба Душанбе дақиқан баъд аз се соли расо сурат мегирад. Бори охир 19 феврали соли 2009 ҳайати ҳукуматии Узбакистон таҳти сарварии Рустам Азимов ба Душанбе омада, як ёддошти ҳусни тафоҳумро ба имзо расонда буд, ки интизор мерафт барои беҳбуди равобити ду кишвар роҳ боз хоҳад кард. Аммо то ба ҳол, ба қавли бархе манобеъ, ҳудуди 60 масъала мавриди ихтилофҳои ду кишвар қарор гирифтаанд, ки бояд баррасӣ шаванд, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун, вагонҳои бозмонда дар масири Тирмиз - Қӯрғонтеппа, Маҳмуд Худойбердиев, раводид, минаҳо, "ҷосус"-ҳо ва ғайраву ҳоказо.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сафари як ҳайати коршиносони узбак ба Тоҷикистон



Абдуғанӣ Муҳаммадазимов

Коршиносон мегӯянд, ҳалли баҳсҳои марзӣ калиди кушоиши мушкилхонаи Тоҷикистону Узбакистон метавонад бошад. Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд: "Таҷрибаи ҳалли баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Чин ба равобити ду ҳамсоякишвар такони бузург дод. Гардиши мол миёни онҳо даҳ маротиба афзуд ва ҳоло дар ҳоли афзоиш аст. Дар сурати ҳалли ин баҳсҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон рушди тиҷорат миёни манотиқи марзӣ беҳбуд меёбад."

Тоҷикистон бо Узбакистон ҳудуди 1 ҳазору 100 километр марз дорад, ки то ба ҳол 900 километри он аломатгузорӣ шудааст. Аз муҳимтарин баҳсҳои миёни ду кишвар обанбори Фарҳод, воқеъ дар вилояти Суғд унвон мешавад, ки ба қавли бархе манобеъ, манбаъи аслии таъмини вилояти Тошканд ва маркази Узбакистон бо об маҳсуб мешавад. Тибқи бархе манобеъ, ҷониби Узбакистон омодагии худро барои аз худ кардани ин обанбор бар ивази ҳазорҳо гектар замини кишт изҳор доштааст. Аммо манотиқи пахтакори Тоҷикистон - Зафарободу Масчои нав низ аз ин обанбор об мегиранд ва дар ҳоли ба ихтиёри кишвари ҳамсоя гузаштани он ояндаи ин ноҳияҳо низ норӯшан хоҳад буд. Ҳамчунин дар ноҳияҳои Спитамен ва Ашт ҷазираҳои тоҷикӣ мавҷуданд, ки дар замони Шӯравӣ тобеи Узбакистон буданд ва ҳоло мардум дар ин манотиқ ҳатто шаҳрвандии ин ё он кишварро надоранд.