Порлумон таваҷҷӯҳро ба вазъи зиндагии мардуми кӯҳистон, аз ҷумла сармоягузорӣ дар он ҷо кашиданист.
Порлумони Тоҷикистон бо таҳияи пешнависи қонуни нав мехоҳад, вазъи зиндагии мардуми кӯҳистон, шароити таълиму тандурустӣ ва фазои сармоягузорӣ ба дороии кӯҳистонро рушд бахшад. Ин дар ҳолест, ки 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳсор дар бар мегирад, аммо ин кишвар аз кӯҳистон ҳамчун манобеи муҳими табиӣ кам истифода мекунад.
Тарҳи қонун "дар бораи минтақаҳои кӯҳистон" ҳоло дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дорад ва дар ояндаи наздик фасл ва моддаҳои он барои баррасӣ ба ихтиёри Кумитаҳои маҷлис гузошта мешавад.
Пеш аз ин, Қирғизистон, Гурҷистон ва кишварҳои дигар бо назардошти баҳрабардорӣ аз манобеи кӯҳистони худ, чунин қонунро ба тасвиб расондаанд ва имтиёзҳое барои зиндагии мардуми ин минтақа ва ҷалби сармоя қоил шудаанд.
Гулъизор пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ ба зодгоҳи худ ноҳияи Ғарм барнагашт ва дар яке аз мактабҳои пойтахт ҳамчун омӯзгор ба фаъолияти худ идома дод. Сабаби ба мактаби зодгоҳ нарафтани худро Гулъизор шарҳ доду гуфт, ки барои омӯзгорони ҷавон ҳеҷ имтиёзе нест ва маоше, ки дода мешавад, бисёр ночиз аст: "Бисёр музди кам медиҳанд ва имтиёз тақрибан вуҷуд надорад. Барои ҳамин, даҳҳо нафар духтарон дар шаҳр мемонанд ва ҷавонон ночор ба Русия ба мардикорӣ мераванд."
Ба қавли муаллифони тарҳи қонун "дар бораи минтақаҳои кӯҳистон", агар тайи 20 соли гузашта мизони саршумори аҳолии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳиии ҳамвор ба таври назаррас рушд карда бошад, дар минтақаҳои кӯҳистонии кишвар афзоиши аҳолӣ аслан ба мушоҳида нарасидааст. Ба гуфтаи онҳо, ин баёнгари сатҳи пасти зиндагӣ дар кишваре мебошад, ки 93 дарсади онро кӯҳистон ташкил медиҳад.
Чунин вазъият шароитеро ба вуҷуд овардааст, ки ҷавонони кӯҳистон пас аз сафар ба шаҳр дигар ба зодгоҳи худ барнамегарданд. Зеро аз ҷониби мақомоти ҳукумати кишвар кӯчактарин имтиёз барои сокинони кӯҳистон ва махсусан мардуми баландакӯҳ дар назар гирифта нашудааст. Шароити таълиму парвариш ва соҳаи тандурустӣ дар сатҳи поён қарор дорад.
Вакили Маҷлиси намояндагон Олим Сафаров, яке аз муаллифони ин тарҳ мегӯяд, дар Қирғизистони ҳамсоя мувофиқи қонуни манотиқи кӯҳистон, имтиёзҳои бештар ба мардуми навоҳии кӯҳсор дода шудааст: "Дар Қирғизистон мувофиқи ин қонуне, ки пештар қабул кардаанд, мардуме, ки дар баландии якуним ҳазор метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунанд, аз тамоми андоз озод мебошанд. Имтиёзҳои алоҳида дода шудааст. Ва онҳо боз ваколатдори давлатӣ дар минтақаи кӯҳистон доранд."
Муаллифи дигари тарҳи қонуни мазкур, вакили Маҷлиси намояндагон Исмоил Талбаков мегӯяд, ки ба хотири танзими баҳрабардорӣ аз захираҳо ва дороии кӯҳистон, дар пешинависи мазкур амалҳои пулакӣ пешбинӣ карда шудааст: "Барои ин, ки аз конҳои ангишт бетартибона истифода накунанд, роҳҳои дурусти истифода ва пардохтҳоро мушаххас кардем ва моддаи махсусро бахшидаем. Истифодаи захираи замин, истихроҷи маъданҳо ва оби чашмасорҳо ва алафҳои кӯҳистонро агар ба хотири тиҷорат истифода кунанд, бояд андоз супоранд. Аммо ҷамъоварии мева, рустаниҳои шифобахш, истифодаи оби чашмасору ғайра агар ба мақсади ғайритиҷоратӣ истифода шавад, пул ситонида намешавад."
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Холназар Муҳаббатов мегӯяд, на дар замони Шӯравӣ ва на баъд аз он, барои эҳёи минтақаи кӯҳистон барномаҳои ҷиддӣ ва хусусан имтиёзҳо дода нашудааст. Ба қавли Муҳаббатов, вакилони мардумӣ иқдоми ҷиддиеро дар амри беҳбуд бахшидани вазъи кӯҳистон рӯи даст гирифтаанд, вале дар
баҳси пешнавис мутахассисони ин соҳаро ҷалб кунанд, беҳтар мебуд. Донишманди тоҷик гуфт, эҳёи кӯҳистон метавонад Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафтаи иқтисодӣ табдил диҳад.
Тавре муаллифони ин тарҳ ва мутахассисони ин соҳа мегӯянд, шурӯъ аз замони Шӯравӣ борҳо мардуми кӯҳистон ба ҳамвориҳо кӯч дода шуданд ва боз ба хотири эҳёи кӯҳистон дубораву себора ба домани кӯҳ кашонида шуданд. Ҳоло Тоҷикистон бо ин хараҷу мараҷ барномаи мушаххаси эҳёи кӯҳистонро надорад.
Тарҳи қонун "дар бораи минтақаҳои кӯҳистон" ҳоло дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дорад ва дар ояндаи наздик фасл ва моддаҳои он барои баррасӣ ба ихтиёри Кумитаҳои маҷлис гузошта мешавад.
Пеш аз ин, Қирғизистон, Гурҷистон ва кишварҳои дигар бо назардошти баҳрабардорӣ аз манобеи кӯҳистони худ, чунин қонунро ба тасвиб расондаанд ва имтиёзҳое барои зиндагии мардуми ин минтақа ва ҷалби сармоя қоил шудаанд.
Ба қавли муаллифони тарҳи қонун "дар бораи минтақаҳои кӯҳистон", агар тайи 20 соли гузашта мизони саршумори аҳолии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳиии ҳамвор ба таври назаррас рушд карда бошад, дар минтақаҳои кӯҳистонии кишвар афзоиши аҳолӣ аслан ба мушоҳида нарасидааст. Ба гуфтаи онҳо, ин баёнгари сатҳи пасти зиндагӣ дар кишваре мебошад, ки 93 дарсади онро кӯҳистон ташкил медиҳад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад