Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, дар сабқати WSB (Cилсилаи ҷаҳонии бокс) дар ҳайати бошгоҳи “Динамо”-и Маскав пирӯзӣ ба даст овард.
Анвар Юнусов, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, дар рақобатҳо дар вазни то 54 килограмм бар Виталий Волкови укроин, аз тими итолиёвии “Milano Thunder”, дастболо шуд. Баъди панҷ раунд, ҳарсе довар Анвар Юнусовро ғолиб донистанд.
Дар ҳисоби дастаӣ бошгоҳи “Динамо” бар “Milano Thunder” бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.
Дар сабқати интихобии WSB 12 даста, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудааст, рақобат мекунад. Баъдан аз ҳар гурӯҳ чаҳор дастаи беҳтарин муборизаро моҳи март дар даври чаҳорякниҳоӣ идома хоҳанд дод. Қувваозмоиҳои ҳалкунанда моҳи апрели соли равон баргузор мешаванд.