Сарояндаи "ВВП" ваъдаи "сюрприз" дод

Толибҷон Қурбонхонов

Толибҷон Қурбонхонов, ки ҳамроҳи аъзои гурӯҳаш аз Душанбе боздид кардааст, гуфт, шакли нави таронаи "ВВП"-ро пешниҳод хоҳад кард.
Дар шабакаи Ютюб навори тозае пайдо шудааст, ки ба номи Толибҷон Қурбонхонов рабт мегирад. Ба номи тоҷике, ки дар ситоиши Владимир Путин, нахуствазири Русия ва яке аз номзадҳои аслӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар тарона иҷро кардааст.

Аммо ин навор клипи таронаи нави Толибҷон нест, балки видеои сафари ӯ ва гурӯҳаш ба Душанбест. Вай дар ин навор гуфтааст, дар ҳоли ҳозир бо онҳое, ки ба ӯ савол доранд, имкони гуфтугӯро надорад.

"Ташаккур аз ҳамаи онҳое, ки маро дар Интернет тамошо карданд. Мехоҳам ба онҳое сипос бигӯям, ки барои ман нома фиристоданд. Аз нигоҳи ҷисмонӣ имкони посух гуфтан ба ҳамаи саволҳоро надорам. Аммо бояд гӯям, ки таронаи "ВВП" дар шакли наве тақдими Шумо хоҳад шуд",-афзудааст Толибҷон.

Як хабарнигори тоҷик гуфт, Толибҷон Қурбонохонов ва гурӯҳи ӯ, ки дар Душанбе машғули сабти навори тоза буданд, пойтахти Тоҷикистонро алакай тарк кардаанд. Толибҷон ва аъзои гурӯҳи ӯ дар як тамоси телефонӣ гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ меварзанд.

Дар оғози моҳи феврал шабакаи телевизионии Piter.TV дар торнамои худ видеои як таронаро нашр кард, ки дар он аз Владимир Путин ситоиши зиёд мешавад. Ин таронаи Толибҷон Қурбонхонов бо номи "ВВП" буд, ки то кунун дар шабакаҳои интернетӣ "сайр" карда, баҳсҳои зиёдеро ба по кардааст.

Таронаи Қурбонхонов дар ҳоле мавриди таваҷҷӯҳи истифодабарандагони интернет қарор гирифтааст, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия наздик аст ва ҳам норизоиятҳо аз Путин меафзояд.

Дар навори зер: Толибҷон Қурбонхонов дар Душанбе

http://www.youtube.com/embed/JdJLy4HSjaE?rel=0