Намояндаи додситонӣ дар марги Баҳромиддин Шодиев муфаттиш Абдураҳмон Додовро муқасcир хонд.
17--уми феврал дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур мурофиаи парвандаи Баҳромиддин Шодиев, ки тирамоҳи соли гузашта дар боздошт даргузашт, шурӯъ шуд. Гуфта мешавад, Баҳромиддин Шодиевро кормандони милиса аз дари хонааш бе ягон санади расмӣ боздошт кардаанд.
Алишер Иноятов, яке маъмурони зидахл дар боздошти Шодиев дар додгоҳ гуфт, гуноҳи худро дар мавриди боздошти бидуни санади ин нафар ба истилоҳ ба калла мегирад, вале дар марги ӯ даст надорад: «Мо супориш нагирифта будем ва барои ҳамин то охир Шодиевро нигоҳ надоштем. Барои супориш нагирифтан худро гунаҳкор медонам, аммо дар куштораш на.»
Алишер Иноятов ва Диловар Муродов, Шодиевро дар роҳ ба суйи беморхона рӯзи 18-уми октябр боздошт карда рӯзе баъд ба муфаттиш супориданд. Аммо Ниёзбибӣ Бӯриева - модари Баҳромиддин, ки шоҳиди боздошти писараш буд, мегӯяд, ӯро рӯзи 17-уми октябр боздошт карда, ба дасташ завлона ҳам заданд. Тибқи қонун, завлонаи дасти айбдоршавандаро
бояд баъди ҳар се соат то 10 дақиқа бикушоянд. Аммо ба гуфтаи пайвандонаш, завлонаи дасти Шодиевро ягон дақиқа ҳам накушодаанд.
Ба гуфтаи ҳарду маъмури милиса, Баҳромиддин Шодиевро рӯзи 19-уми октябр ба Абдураҳмон Додов - муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии Шоҳмансур супориданд. Ҳамон рӯз соатҳои тахминан соатҳои 6 ба 7-и шом, Шодиев бо дастони завлонабаста худро аз тирези ошёнаи дуввуми идораи милиса ба замин сарозер кардааст.
Илҳом Раҳмонов - айбдоркундаи давлатӣ, муфаттиш Абдураҳмон Додовро бар асоси моддаи 322 Кодекси ҷиноӣ(«хунуказарӣ») айбдор номид.
Вале Абдураҳмон Додов дар додгоҳ гуфт, дар марги Шодиев гуноҳ надорад: «Хунукназарие, ки ҳоло маро айбдор мекунанд, ки гӯё дар вазифаи давлатиам кардаам, вазифаи давлатии ман ин нест. Вай худашро аз тиреза партофт, айби ман чӣ? Вайро бояд, ки бо конвой (муҳофиз) ба ман медоданд.»
Як нуқтае, ки дар рафти мурофиа мавриди қарор гирифт, таърихи рӯзи боздошти Шодиев буд. Ба гуфти Ниёзбибӣ Бӯриева - модари Баҳромиддин, писарашро 17-уми октябр дар пеши чашмонаш боздошт кардаанд, аммо дар парванда омадааст, ки ӯро рӯзи 19-уми октябр ба муфаттиш супоридаанд. Пас тайи ин се рӯз, Баҳромиддин дар куҷо буд ва чӣ ҳол дошт? – мепурсад Ниёзбибӣ Буриева.
Ӯ меафзояд: «Ман се рӯз ба милисахона хӯрок меовардам, хӯрокро мегирифтанд, аммо писарамро нишон намедоданд. Дуввум ин, ки вақте ба беморхона рафтам, гуфт, оча, дигар маро напурс, ки Алишер дар даҳонам бо туфлиаш зад, ки агар гап занӣ... Табибон милисаҳоро мегуфтанд, ки дастонашро кушоед то дору гузаронем, медонед, вазъаш то чӣ дараҷа вахим буд. Вай- ку муқовимат нишон надода буд, бемор буд...»
Гулчеҳра Холматова, вакили дифои хонаводаи Баҳромиддин Шодиев мегӯяд, додситон дар марги Шодиев танҳо модаи 322-ро, яъне хунукназариро матраҳ кардааст, ҳол он, ки дар ин ҷиноят аломатҳои моддаи 318, яъне баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ низ дида мешавад.
Модари Баҳромиддин мӯътақид аст, ки писарашро кормандони милиса баъди шиканҷа иҷборан сарозер кардаанд. Ниёзбибӣ Бӯриева мегӯяд, исбот кардани ҳақиқат дар ин қазия хеле мушкил аст ва писари ӯ ҳам дигар зинда нахоҳад шуд. Вале ӯ то охир хоҳад рафт, ки сарнавишти Баҳромиддин ба сари касони дигар наояд.
Баҳромидин Шодиеви 28-сола моҳи октябри соли гузашта аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансур бо
иттиҳоми дуздӣ боздошт шуд, вале баъди чанд рӯзи боздошт ӯро бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи Қарияи Боло оварданд ва ӯ пас аз даҳ рӯз даргузашт.
Баҳромиддин Шодиев ва ҳамин тавр, сокини дигари Душанбе Сафаралӣ Сангов соли гузашта ҳарду дар боздошт аз қабати дувуми идораи милиса сарозер шуда, ҷон бохтанд.
Ахиран як зан дар Душанбе худро аз ошёнаи 16-уми бинои баландошёна ба поён андохт ва зинда монд. Бисёриҳо танз мезананд, ки агар ин зан аз тарафи милиса боздошт мешуд, худро ҳатто аз ошёнаи аввал сарозер мекард, ҳатман «коре» мешуд.Танзнависи маъруф Наҷмиддини Шоҳинбод баъди ин чанд қазияи ахир “пешниҳод” карда буд, ки аз ин ба баъд биноҳои милисаро аз як қабат баландтар насозанд, ки хатар дорад.