Ҳаққи инсон оё вақту шароит мехоҳад?

Нишасти Кумитаи ҳуқуқи башари СММ оид ба Тоҷикистон, 3-юми октябри соли 2011

Як созмони ғайридавлатӣ мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон 14 пешниҳоди СММ дар боби ҳуқуқи инсонро иҷро кардааст.
Ба қавли Дафтари назорат бар ҳуқуқи башар ва риояи қонунияти Тоҷикистон, 6 тавсияи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал бидуни иҷро боқӣ мондаанд. Аз ҷумла ба пешниҳодҳои вобаста ба беҳбуди озодии баён ва расонаҳо то кунун расидагие нашудааст.

Мадина Усмонова, раҳбари маркази таҳлилӣ ва хабарии Дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон мегӯяд: «Дар шаш маврид ин пешниҳодҳо комилан иҷро нашудааст. Аз ҷумла, додани маълумот дар бораи ҷои дафни эъдомшудагон то қабули мараторияи ҳукми қатл, аз ихтиёри додгоҳҳои низомӣ гирифтани баррасии парвандаҳои ҷиноии афроди низомӣ ва ғайринизомӣ, қабули Қонуни хидмати алтернативӣ дар сафи артиш пешниҳод шуда буд.”

Дар изофа ба ин пешниҳодҳо ҳамчунин тавсия шуда буд, ки таъқиби хабарнигорон қатъ ва банди муҷозот барои тӯҳмат аз қонуни ҷиноӣ берун карда шавад. Аммо то кунун ин қонун ба қувваи худ боқист ва имкон дорад, ки хабарнигорон барои навиштаҳои танқидӣ дар расонаҳои ахбори ом мавриди пайгарди ҷиноӣ қарор бигиранд. Як пешниҳоди дигаре, ки иҷро нашудааст, ин аст, ки дар Тоҷикистон бархилофи қонунгузорӣ ва Қонуни асосии кишвар, касоне, ки нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ вуҷуд дорад, ба унвони номзад сабти ном намешаванд.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тоҷикистон баъзе аз пешниҳодҳоро иҷро кардааст



Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳар чӣ аз тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал, ки бо қонунҳо ва арзишҳои дохилии Тоҷикистон дар мухолифат набуда ва имкони ислоҳи он вуҷуд доштааст, мадди назар гирифта шудааст. Ва аммо иҷрои бархе аз ин тавсияҳо ба фурсати бештар мехоҳад. Бархе ҳам ба қонугузории Тоҷикистон мухолиф аст.

Сӯҳроб Шарифов, вакили МН

Сӯҳроб Шарифов, узви кумитаи равобити байналмилалӣ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд: «Ҳар пешниҳоде, ки ба шароити имрӯзи Тоҷикистон мутобиқ аст, мо амалӣ мекунем. Аммо ин гуна шарт гузоштан, ки ҳатман ва дар ин таърихи рӯзу моҳ бояд ин тавсияҳо амалӣ шавад, ин нодуруст ва ғайри мантиқӣ ҳам ҳаст. Зеро давлат имкон надорад, ки ҳамаи он пешниҳодҳоеро, ки аз назари Аврупо хубу дуруст аст, ба якборагӣ дар Тоҷикистон ҷорӣ кунад. Бояд интизор буд, ин кор фурсат мехоҳад.»

Ба гуфтаи ҷаноби Шарифов, то чанд муддати дигар соири ин тавсияҳо амалӣ мешавад ва қонунгузории Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ хоҳад шуд. Аммо ҳоло ё шароит барои иҷрои он вуҷуд надорад ва ё арзишҳои иҷтимоии Тоҷикистон ва ин пешниҳодҳо дар ҳоли ҳозир ҳамхонии чандоне надоранд.

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ баъд аз шунидани гузориши миллии Тоҷикистон роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар ва иҷрои муқаррароти конвенсия ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон рӯзи 3 октябри соли гузашта дар Женева роҷеъ ба беҳбуди вазъият ба ин кишвар 20 пешниҳод карда буд. Тоҷикистон дар соли 1999 Мисоқ ё пакти байналмилалии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва маданӣ ва протоколи ихтиёрии нахустини онро имзо карда буд. Ва дар соли 2005 нахустин гузориши миллии Тоҷикистон роҷеъ ба иҷрои муқаррароти ин санади байналмилалӣ баррасӣ шуда буд.