Кормандони боғи ҳайвоноти Шимкенти Қазоқистон аз фавти баҳмути дӯстдоштаи худ -- “Турсунбой” андӯҳгин шудаанд.
“Турсунбой” -- фарзанди “Ламбада” ва “Султон”, чанде пештар дар Боғи ҳайвоноти пойтахти Тоҷикистон фавтид. Натиҷаи ташхиси бойторҳо нишон додааст, ки "Турсунбой" ба ёди ватан сактаи дил шудаву даргузаштааст.
Баъзе аз расонаҳои Қазоқистон фарзияи дигари марги “Турсунбой”-ро баён кардаанд. Бино ба навиштаи онҳо, гӯиё ҷониби Душанбе барои нигаҳдории баҳмут шароити заруриро натавонистааст таъмин бикунад. Ин аст, ки ба қавли онҳо, "Турсунбой" ба сардиҳои ду моҳи ахир тоб наоварда, фавтидааст. Аммо масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе ин иддаоро бепоя мехонанд. Онҳо мегӯянд, дар рӯзҳои сарди фасли зимистон "Турсунбой" дар дохили об гарм нигоҳдорӣ мешуд.
Баҳмут "Турсунбой" ҳамагӣ ҳафт моҳ қабл аз боғи ҳайвоноти Шимкенти Қазоқистон ба шаҳри Душанбе оварда шуд. Мақомоти боғи ҳайвоноти Душанбе бар ивази "Турсунбой" ба Боғи ҳайвоноти Шимкент чаҳор паррандаи нодирро тақдим кардаанд.
Кормандони боғи ҳайвоноти Шимкенти Қазоқистон гуфтаанд, аз марги баҳмути дӯстдоштаи худ ғамгинанд. Баҳмуте, ки ба гуфтаи онҳо, сиҳҳату саломат ба масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе супурда шуд. “Турсунбойро ман шахсан ба он ҷо бурдам. Он хеле вазнин буд. Мо марзҳоро гузашта ба Душанбе расидем. Баҳмут хеле солим буд”,-нақл кардааст муовини раҳбари Боғи ҳайвоноти Шимкент.
Ин маъсули боғи ҳайвоноти Шимкент дар идома гуфтааст, шароит барои нигаҳдории ҳайвонот дар Боғи вуҳуши пойтахти Тоҷикистон чандон "идеалӣ" нест. Нуктае, ки масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе қабул надоранд. Онҳо мегӯянд, дар муқоиса ба чанд соли пеш шароити нигаҳдории ҳайвонот дар боғи ҳайвоноти пойтахт беҳбуд ёфтааст.