Ҷанги Афғонистон тарҷумонҳоро худшинос кард

Имрӯз аз берун шудани нерӯҳои ишғолгари шӯравӣ аз Афғонистон бисту cе сол пур шуд.
Ҷанги Афғонистон ва ҳузури теъдоди чашмгири тоҷикон ба баҳонаи ин ҷанг дар он кишвар, ҳамчунон осори чашмгире дар Тоҷикистон аз худ ба мерос дорад. Як теъдоди фаровони сарбозоне, ки дар ҳайати Артиши Шӯравӣ дар он кишвар хидмат карданд ва ин ҷанг мисли ҳар ҷанге барои онҳо гарон тамом шуда ва осори равонии он дар ин сарбозон ҳамчунон боқист. Ин ҷанг ҷони садҳо ҷавони тоҷикро гирифт ва ё бо пову дасти бурида боқӣ гузошт. Ҳоло ин сарбозони ҷанги Афғонистон бо дасту пойи бурида ва ё бо рӯҳи ҷароҳатдор шоҳиди як хуруҷи дигари таърихӣ аз ин кишваранд.

Аммо дар ҳоле, ки Афғонистон барои соири ҳамсояҳо ва кишварҳои минтақа ҳамчун конун ё макони таъсиргузории бесуботӣ шинохта мешуд, тоҷикон аз ҷанги Афғонистон дар баробари кушта ва маъюбе, ки доданд, бо кулвори пур ҳам баргаштанд. Ба бовари таҳлилгарон, маъмурияти садҳо нафар тоҷик дар Афғонистон ба унвони мутахассис ва тарҷумон, чашми онҳоро ба олам боз кард, ҳувияти онҳоро ба худашон бозгардонд ва такони ҷиддие дар худшиносии ин афрод шуд.

Афғонистон барои ҷомеаи тоҷики таҳти султаи Шӯравӣ нахустин равзана ба ҷаҳони берун шуд. То соли 1979 ҳам тоҷикони зиёде ба Афғонистон сафари хидматӣ мекарданд, аммо оғози ҷанги Шӯравӣ бо муҷоҳиддин боис шуд, ки тоҷикони бештаре ба ин кишвар сафар кунанд. Афғонистон мисли оинае воқеъ шуд, ки мутахассисони тоҷик чеҳраи худро дар он дарёфтанд. Ва муҳимтарин сафаровардаи ин тоҷикон, мафҳуми худшиносӣ буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Худшиносие, ки тарҷумонҳо аз Афғонистон оварданд



Қосимшоҳ Искандаров (акс аз бойгонии ҳафтаномаи "Миллат")

Қосимшоҳ Искандаров, раиси Анҷумани робита бо Афғонистон ва аз тарҷумонҳои солҳои ҷанги Шӯравӣ бо он кишвар мегӯяд: «Тоҷикҳои мо зимни ин маъмуриятҳо бештар ва хубтар Афғонистонро шинохтанд. Қабл аз ин тоҷикони ду соҳил, ки як мардум буданд, бар асари марзбандиҳои сиёсӣ аз ҳам ҷудо шуда буданд. Ва камтар касоне медонистанд, ки дар Афғонистон ду баробари Тоҷикистон тоҷикон ба сар мебаранд. Сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии тоҷикҳо баъди рафтан ба Афғонистон хеле боло рафт. Афғонистон дар худогоҳӣ ва ҷаҳонбинии тоҷикон таъсир мусбат расонид.»

Қосими Бекмуҳаммад, аз тарҷумонҳои дигари тоҷик дар Афғонистон мегӯяд, мутахассисони тоҷик дар Афғонистон аввалин чизе, ки дарёфтанд ҳувияти худашон буд. Ва таъсири фарҳангии Афғонистон ба ин афрод қобили дидан буд. Аз сӯи дигар ҳузури мутахассисони Шӯравӣ дар Афғонистон то ҷое ба замони эҳёи миллӣ ва оғози бозсозӣ ва ҷумбишҳои мардумӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон рост омад. Ва таъсири ҳузуру нуфузи шахсиятҳое, ки аз мактаби Афғонистон боз гашта буданд, дар ин ҷумбишҳои худшиносии миллӣ ба сароҳат эҳсос мешуд. То ҷое, ки Тоҳири Абдуҷаббор, ки ду навбат дар Афғонистон маъмурият анҷом дода буд, дар раъси ҳаракати миллӣ ва озодихоҳиии Тоҷикистон қарор гирифт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳузури нерӯҳои СССР дар Афғонистон дуруст буд?



Ҷаноби Бекмуҳаммад мегӯяд: «Бо таваҷҷӯҳ ба ҳузури бештар аз 10 миллионнафарии тоҷикони Афғонистон ва ҳифз шудани ҳуввияти болои онҳо, болои тарҷумонҳои тоҷик бисёр таъсири амиқ гузошт. Ин таъсирро мо дар Бозор Собир мебинем, дар марҳум Тоҳири Абдуҷаббор ва садҳо тарҷумоне мебинем, ки аз он кишвар баргаштанд.»

Қосими Бекмуҳаммад

Ба бовари оқои Бекмуҳаммад, фазои расонаиро аз нигоҳи забонӣ ва фикрӣ тарҷумонҳои тоҷик дар охири даҳаи ҳаштод дучори таҳаввул ва дигаргунӣ карданд. Забони тоҷикӣ, ки дар вазъияти баде қарор гирифта буд, тавассути таҷрибае, ки мутахассисони тоҷик аз Афғонистон оварданд, дубора ҷони тоза дарёфт. Ҳарчанд то ин замон мутахассисони зиёде дар Эрон ҳам кор карда ва ба Тоҷикистон пас гашта буданд, аммо ҳеч таҳаввуле дар забони матбуот ворид накарданд.

Аммо Зафар Мирзоев, аз тарҷумонҳои дигари тоҷик мегӯяд, ки муҳимтар аз ҳама, сафар ба Афғонистон ӯро бо табиати низоми Шӯравӣ ошно кардааст.

Ӯ мегӯяд: «Бачаҳои тоҷик ба ҷуз аз он, ки бар ивази хидмат дар Афғонистон зиндагии маишии худро то ҷое сомон медоданд, аз он ҷо баъзе дарёфтҳои фарҳангӣ ва илмӣ ҳам оварданд, ки онро дар миёни мардум пареш карданд. Хештаншиносӣ ва огоҳии табории мардуми мо аз ҳисоби бачаҳое, ки ба Афғонистон рафтанд, афзоиш ёфт. Он солҳо аз онҳое, ки дар Афғонистон кор карда ва омада буданд, давлатдорон ва коммунистҳо бим доштанд то ҷое. Чаро? Барои он ки банда ҳам, ки ба ҳайси тарҷумон он ҷо кор кардам, дидам, ки бисёре аз гуфтаҳои

Зафари Мирзоиён

русҳо ғалат будаст, дурӯғ будаст, нисбат ба мо мардуми он ҷо мустақилтар ва озодатар будааст. Масалан ин ҷо русҳо мегуфтанд, ки тоҷикон наметавонад афсари баландрутба ва ё халабони ҳавопаймои ҷангӣ бошанд, зеро аз назари ҷисмонӣ пурзӯр нестанд. Аммо мо дар Афғонистон дидем, ки як тоҷики он ҷо чӣ гуна беҳтар аз худи русҳо ҳавопаймои ҷангии русиро сарнишинӣ мекунад. Ҳатто бачаҳои тоҷик, ки ба ҳайси тарҷумони низомӣ ба Афғонистон рафтанд ва мо, ки он ҷо будем, Аҳмадшоҳи Масъудро дар миёни худ қаҳрамон медонистем. Ҳатто бархе мутарҷимон мустақиман аз афғонҳо борҳо пуштибонӣ кардаанд. Аз ҷумла ман шоҳиди чунин ҷасорати тарҷумони тоҷик Мискин Бозичаев будам, ёдаш ба хайр бод.»

Тоҷикҳо ба Афғонистон дар даҳаи ҳаштод умдатан барои ҷангидан алайҳи нерӯҳои муҷоҳидин мерафтанд. Аммо умдатан бо алоқа ва муҳаббат ба Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи муҷоҳидин, ба Ватан баргаштанд ва ангезаи ин муҳаббатро дар Тоҷикистон низ коштанд. То ҷое, ки шахсияти дигаре то кунун мизони маҳбубияти Масъудро натавонистааст орзу кунад.

ҲАМОИШИ ҶАНГОВАРОНИ ИНТЕРНАТСИОНАЛИСТ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳамоиши ҷанговарони интернатсионалист дар Душанбе