Тими миллии Тоҷикистон дар Туркия бо дастаҳои «Шуртан»-и Узбакистон ва «Клуж»-и Руминия бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Ба иттилои Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби кишвар дар шаҳри Белеки Туркия таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Кемал Алиспахич, мутахассиси 46-солаи босниягӣ, ва ёваронаш Мубин Эргашев ва Аслиддин Ҳабибуллоев (мураббии дарвозабонҳо) ҷараён дорад.
Футболбозони тоҷик дар Туркия ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Кореяи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд (29-уми феврал) ва сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2012 дар Непал (8-18 март) омодагӣ мебинанд.
Ба иттилои ҷаноби Солиев, бозии санҷишии мунтахаби Тоҷикистон бо тими лигаи олии Узбакистон - «Шуртан»-и Гузар имрӯз, 15 феврал, соати 14 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
Рӯзи 18-уми феврал футболбозони тоҷик бо қаҳрамони дукаратаи Руминия - ЧФР «Клуж» рақобат мекунанд. Бояд гуфт, ки ин даста ду бор дар Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ширкат кардааст ва, минҷумла, бар «Рома»-и Италия пирӯз шуда, бозиро бо «Челси»-и Лондон бо ҳисоби мусовӣ анҷом додааст.
Боз як бозии контролии мунтахаби Тоҷикистон дар Туркия рӯзи 21-уми феврал дар назар аст, вале ҳоло тими рақиб муайян нашудааст.