Ягона баҳмути Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе, ки бо лақаби "Турсунбой" маъруф буд, фавтидааст.
Қурбон Одинаев, иҷрокунандаи вазифаи раиси Боғи ҳайвоноти Душанбе бо таъйиди ин хабар ба "Озодӣ" гуфт, "рӯзи 13-уми феврал ташхис муайян кард, ки "Турсунбой" аз сактаи қалб даргузаштааст."
Ҷаноби Одинаев дар сӯҳбат бо мо фарзияҳоеро, ки гӯиё "Турсунбой"-баҳмут аз сардӣ ва ё бар асари сангсори тамошобинон ҷон бохта бошад, рад кард. Ӯ таъкид кард, ки ягона баҳмути боғро дар фасли сармо дар оби гарм нигоҳ медоштанд, вале он модарзод бемории қалб доштааст.
"Турсунбой" лақаби баҳмутест, ки дар тобистони соли гузашта ба Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе оварда шуда буд. Ин баҳмутро дар ивази чаҳор паррандаи нодир аз Боғи ҳайвоноти шаҳри Чимкенти Қазоқистон ба Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе интиқол доданд.
Он тақрибан 1,5 тонна вазн дошта ҳамарӯза 40-50 кило сабзавоту гӯшти моҳӣ мехӯрд. Пас аз пайдо шудани "Турсунбой" теъдоди муштариёни Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе 20 дарсад зиёд шуда буд.