Радиои Тоҷикистон: Мусиқӣ ҷои иттилоъро мегирад

Акс аз бойгонӣ

Радио ба расонаи муҳими Тоҷикистон табдил меёбад. Мардум дар мошину хона ва ҷойи кор бештар радио мешунаванд.
Қиёмиддин Нуров, як ронанда мегӯяд, радиоҳои Тоҷикистон барои ӯ диску наворҳои мусиқиро иваз кардаанд. "Радио мисли диски бепул аст. Ҳозир кадом шабакаро, ки намонӣ, мусиқӣ дорад",-гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон чаҳор радиои ҳукуматӣ - "Тоҷикистон", "Садои Душанбе", "Фарҳанг", "Ховар" ва 7 радиои мустақил, аз ҷумла "Имрӯз", "Ватан", "Азия-Плюс" ва 2 радиои маҳаллӣ - "Тироз"-у "Авис" фаъолият доранд.

Эраҷ Холов, коршиноси тоҷик мегӯяд, маҳбубияти радиоҳо пеш аз ҳама ба ин хотир аст, ки ба онҳо мушкилоти иҷтимоӣ, аз қабили бебарқӣ таъсир намерасонанд. Ба қавли ӯ, ҳоло мешавад бо "батарейка"-ҳои чинӣ то чанд рӯз радио гӯш кард. Ӯ гуфт, "воқеан, мардуми Тоҷикистон радиоро бештар гӯш мекунад. Аммо бештар ба он хотир, ки радио ҳаматарафа ва дастрас аст. Аммо ба назар мерасад, аслан ба он хотир гӯш мекунанд, ки радио ба ҷуз хабар мусиқӣ бештар дорад. Худи радиоҳо ҳам мекӯшанд, ки бештар таронаҳои ҷолибро гузоранд, ки мардум онҳоро гӯш кунад, на хабарҳои доғро."

Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Мӯҳтавои барномаҳои радиои Тоҷикистон мавзӯест, ки чанд сол ба ин сӯ баҳс мешавад. Иддае аз онҳо бар инанд, ки радио бояд як василаи тафреҳу тиҷорат ва расонидани хабар бошад. Гурӯҳе ҳам онро дастгоҳи пурқудрати таблиғ меноманд, ки ҷомеаро ба ҷараёни таҳаввулот ворид кунад.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори радиои "Тоҷикистон", ки сад дар сади кишварро пӯшиш медиҳад, мегӯяд, радио дар шароити кунунӣ қабл аз ҳама иттилоъ, сипас тафреҳ ва ахиран маънавиёт аст: "Дуруст аст, ки дар Аврупо радио манбаи тафреҳ аст, зеро дар ҳар кӯчаву паскӯча мардум ба интернет - манбаи иттилои сареъ дастрасӣ доранд. Дар Тоҷикистон, ки қариб 7 моҳ барқ нест ва ҳатто дар Душанбе ҳама ба интернет дастрасӣ надоранд. Рӯзномаҳо бо теъдоди аз ҳазор то 5 ҳазор нусха нашр мешаванд. Аммо аҳолии кишвар 7,5 миллион нафар аст. Мардум иттилоъро аз куҷо гирад?"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Радио дар ҳаёти Шумо чӣ нақш дорад?



Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон бар заъфи ҷанбаи иттилоотӣ ва ғановати мавзӯъҳои сиёсӣ ишора мекунанд. Ба қавли онҳо, радиоҳои, ҳатто мустақил як барномаи сиёсиеро надоранд, ки дар он вазъи имрӯзаи кишвар аз забони мухолифони сиёсии ҳукумат, коршиносон ва худи мардум мавриди таҳлил қарор гирад.

Субҳони Ҷалил

Субҳони Ҷалил, директори барномаҳои радиои "Ватан" мегӯяд, барномаҳои радиоҳои мустақил софу содда пахш мешаванд, аммо дар асл онҳо мувоҷеҳи мушкилоти дохилии хешанд ва барои онҳо пур кардани эфир бо мусиқӣ осонтар аз таҳияи барномаҳои таҳлилӣ аст. Вай афзуд, аксар радиоҳои хусусӣ ба ҷуз Душанбе ва ё ягон шаҳри дигари кишвар то дигар манотиқ ҳанӯз нуфуз накардаанд.

Субҳони Ҷалил мегӯяд, реклама роҳи ягонаи нигоҳ доштани радио аст ва ба даст овардани он ҳам мушкилоти худро дорад. Ин дар ҳоелст, ки ба гуфтаи коршиносон, мушкилоти молӣ радиоҳои Тоҷикистонро маҷбур мекунад, ки аз матраҳ кардани масоили муҳими ҷомеа, аз ҷумла сиёсӣ ва иқтисодӣ нигоҳ дорад, зеро дар ҳоли даст задан ба чунин мавзӯъҳои доғ метавонанд "ғазаб"-и ҳукуматро ба бор оранд.

Дар гузашта радиои "Имрӯз", радиои дигари мустақил ҳам ба мавзӯъҳои доғ даст зад ва "ба далоили техникӣ" дар фаъолияти худ "таваққуф" карда буд.