«Анҷумани истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи аудио-визуалӣ”, таҳти ин унвон як созмони нави журналистӣ дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд, ки мехоҳад, ба мушкили радио ва телевизониҳои хусусӣ расидагӣ кунад.
Ҳоло ин ассотсиатсия дар заминаи СМТ ё Симои Мустақили Тоҷикистон, телевизиони «Регар», телевизион ва радиои мустақили Қӯрғонтеппа, «Мавҷи озод»и ноҳияи Восеъ, ТВ-5 шаҳри Конибодом, ТВ «Симо»-и шаҳри Панҷакент ва ҳолдинги “Ориёно-медиа”, ки дар таркиби худ чанд радио дорад, таъсис ёфтааст.
Раиси анҷумани тавлидгарон ва ноширони маводи аудио-визуалӣ Зиннатулло Исмоилов, ки ҳамзамон масъули Студияи телевизиони СМТ мебошад, мегӯяд, ки сабаби аслии таъсиси ин анҷуман дарёфти роҳҳалҳои чанд мушкили умдае мебошад, ки домангири телевизионҳои мустақил дар кишвар мебошанд.
Вай аз ҷумла мегӯяд: «Мушкили аввали телевизионҳо ва радиоҳои мустақил ин аст, ки ба бӯҳрони реклама рӯ ба рӯ ҳастанд. Ва аксар созмонҳои рекламдиҳанда танҳо ба телевизионҳои давлатӣ рекламаи пешниҳод мекунанд. Ташкилоте, ки дар дохили Тоҷикистон бо релама сарукор доранд, бо шабакаҳои телевизионҳо давлатӣ ҳамкорӣ мекунанд. Мо маҷмӯи масоили мавҷуди телевизионҳо мустақилро, хусусан дар соҳаи рекламаро меомӯзем ва ба ниҳодҳое, ки бо реклама сари кор доранд
пешниҳод кунем ва саҳми телевизонҳои мустақил дар амри пахши рекламаро мушаххас созем. Зеро воқеияти имрӯз нишон медиҳад, ки телевизион ва радиои мустақил бидуни реклама бақои худро наметавонад нигоҳ дорад. Аз ин рӯ бозори реклама бояд мунсифона амал кунад.»
Масъалаи дигаре ки созмони нав ба он расидагӣ хоҳад кард, омӯзиши доираи шунаванда ва бинандагони телевизион ва радиоҳои мустақил мебошад. То кунун аудиторияи телевизионҳо бар асоси пахши амвоҷ ва имконоти фаннии онҳо муайян карда мешавад. Дар ин ришта чанд таҳқиқе анҷом дода хоҳад шуд, ки барои иҷрои онҳо кӯмаки молии созмонҳои байналмилалӣ ба ин созмон зарур будааст.
Сармуҳаррири телевизиони мустақили «Мавҷи озод»и ноҳияи Восеъ Хоҷа Назриев мегӯяд, ки эшон огоҳона саҳми худро дар роҳи таъсиси иттиҳодияи нав гузоштаанд, зеро як созмоне ки манофеи телевизионҳои мустақилро биомӯзад ва дифоъ кунад вуҷуд надорад.
Ба қавли Назриев ҳоло мушкили аслие, ки онҳо мувоҷеҳ ҳастанд, камбуди реклама мебошад: «Агар реклама бошад, ин телевизион пешравӣ мекунад. Танқисии телевизиони мо реклама аст. Ҳанӯз корхонаҳо дар навоҳӣ фарҳанги рекламаро намедонанд. Мо ба ташкилоту корхонаҳо муроҷиат мекунем, онҳо метарсанд, ки дар бораи худашон маълумот диҳанд, зеро аз андоз метарсанд. Мо умедворем, ки созмони нави журналистӣ ба мо кӯмак хоҳад расонд.»
Аммо як ширкати танзими реклама дар шаҳри Душанбе бо номи “TA Group” мегӯяд, ки рақобати бозори реклама ба доираи густардаи таблиғу пахши маводи таблиғшаванда тааллуқ мегирад ва гузашта аз ин рекломдиҳанда мехоҳад, дар расонаҳое маводи вай таблиғ ёбад, ки дорои аудиторияи васеъ бошад. Азбаски шабакаҳои телевизонҳои давлатӣ аз лиҳози пахши мавҷ ва шумори бинанада бартарӣ доранд, рекломдиҳандаҳо мехоҳанд, огаҳиҳои худро дар ин шабакаҳо пахш кунанд.
Зимнан як ниҳроди дигар бо номи Анҷумани миллии расонаҳои озоди электронӣ, иттиҳоде буд, ки низ мегуфт, аз манофеи тавлидгарон ва ноширони маводи радиоӣ ва телевизионӣ ҳимоят мекунад. Аммо фаъолияти он аз се-чаҳор сол бештар идома пайдо накард.
Раиси он Мӯсо Асозода гуфт, ки бинобар пуштибнии молӣ наёфтани тарҳҳояш аз
тарафи созмонҳои байналмилалӣ ин иттиҳод аз кор монд. Пас то куҷо эътилофи нави шабеҳи он муваффақ буда метавонад? Ҷаноби Асозода мегӯяд, ки агар ин ташкилот ҳам натавонад, тарҳҳои хуби марбут ба мушкилоти телевизонҳои мустақилро татбиқ кунад ва аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ пуштибонии молӣ набинад, зуд аз саҳна берун хоҳад гашт.
Нуриддин Қаршибоев раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бар ин аст, ки расонаҳои электронии мустақил дар Тоҷикистон воқеан ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯянд ва агар созмони нав аз мудирияти дуруст кор гирад,
метавонад ба онҳо мадад кунад: «Ҳол гап фақат дар сари маблағ ва менеҷменти хуб меравад. Агар аъзои иттиҳодия тавонанад, барои ҳифзи ин созмон бо раҳбарияти он муташаккилона талош кунанд, ҳатман муваффақ хоҳанд шуд.»
Ҷаноби Қаршибоев ва коршиносони дигар зикр мекунанд, ки созмони нав набояд танҳо ба умеди танзими бозори рекламаи радио ва телевизионӣ ба манфиати расонаҳои электронии мустақил шавад, балки роҳҳои дигари кӯмак ба онҳоро низ дар пеш бигирад.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир зиёда аз 70 дар сади бозори рекламаи раидовизуалӣ дар инҳисори радио ва телевизионҳои давлатӣ қарор дорад. Саҳми боқимонда ба расонаҳое монанди радиоҳои “Азия-Плюс”, “Ватан”,“Имрӯз” ва бархе аз телевизионҳои мустақил рабт мегирад.
Воқеияти имрӯз нишон медиҳад, ки телевизион ва радиои мустақил бидуни реклама бақои худро наметавонад нигоҳ дорад. Аз ин рӯ бозори реклама бояд мунсифона амал кунад...