"Дӯстро аз дӯст, ҷонам, фарқ кун..."

Ҷавонон дӯстони худро чӣ гуна интихоб мекунанд?
Бештари ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, ба самимияту инсонгарӣ ва чеҳраи гарми дӯстонашон таваҷҷӯҳ мекунанд. Бархе аз онҳо гуфтанд, дӯсти хуб он аст, ки дар лаҳзаҳои мушкил дасти кӯмак дароз кунад, рози дилро бишнавад, мисли ин. На ҳар дӯст аз имтиҳони замон мегузарад.

Дар давраи хубию хушӣ кас дӯстони зиёд дорад, аммо чун бо мушкиле гирифтор гашт, шояд касе дар паҳлуи ӯ китф ба китф биистад, ки дӯсти ҳақиқии ӯст ва дигарон аз ӯ канор хоҳанд гирифт. Бузургон гуфтаанд, дӯстони ба се навъанд: ҷонию забонию нонӣ. Ба дӯсти забонӣ бояд ҳарфи хуш заду ӯро гусел кард, ба дӯсти нонӣ нон доду худро раҳо намуд, аммо бояд омода буд, ки барои дӯсти ҷонӣ ҷон дод.

Навори мо нишон медиҳад, онҳое низ кам нестанд, ки аз дӯстони забонӣ ва нонии худ шикоят доранд. Аммо агар навбати сухан ба Шумо дода шавад, чӣ хоҳед гуфт? Шумо дӯстони худро чӣ гуна, аз рӯи чӣ нишонаҳое интихоб мекунед?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дӯсти хубро чӣ гуна мешиносед?