Порлумони Юнон бо пазируфтани тарҳи қонун дар бораи "сарфаи буҷа" роҳро барои дарёфти қарзҳо боз намуд.
Ин тарҳ коҳиши моҳонаву нафақа ва ихтисори 15 000 корманди муассисаҳои давлатиро дар назар дорад.
Ба гуфтаи мутахассисон, ихтисори кормандон имкон медиҳад, ки ҳамасола 325 миллион еврои буҷа сарфа шавад. Ҳамчунин, ҳадди ақалли моҳона дар Юнон аз 751 евро то 600 евро коҳиш хоҳад ёфт.
Пас аз пазируфта шудани ин тарҳ, акнун роҳи Юнон барои дарёфти кӯмаки нави Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул ба маблағи 130 миллиард евро боз хоҳад шуд. Инчунин, бонкҳои байнулмилалӣ як қисми қарзҳои Юнонро мебахшанд.
Вазири молияи Юнон Эвангелос Венизелос шоми дирӯз (12-уми феврал) аз вакилони порлумон даъват кард, ки ба хотири наҷоти кишвар аз тарҳи қонуни сарфаи буҷа ҳимоят кунанд. Ӯ афзуд, ки “агар мо ин корро накунем, шаҳрвандон моро намебахшанд.”
Аммо ба назар мерасад, ки теъдоди бузурги шаҳрвандон бо нақшаҳои ҳукумат мувофиқ нестанд. Намоишҳои эътирозӣ алайҳи тарҳи сарфаи буҷа дар шаҳрҳои гуногуни Юнон чанд рӯз боз идома доранд.
Дар Афина бар асари бархӯрди дирӯзаи эътирозгарон бо пулис даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Мухолифони ҳукумат сӯи кормандони пулис санг ва шишабомбаҳои бензинӣ андохтанд. Бар асари бенизомиҳо дар Афина камаш 7 бино сӯхт.
Пулис барои пароканда кардани эътирозгарон, ки дар канори бинои порлумон ҷамъ омада буданд, аз гази ашковар истифода бурд. Бар пояи хабарҳо, дар намоишҳои эътирозӣ дар Афина ба камияш 80 000 нафар ва дар шаҳри Салоники бештар аз 20 000 нафар ширкат доштанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Юнон тарҳи қонуни сарфаи буҷаро рӯзи панҷшанбе тасдиқ карда, ба порлумон фиристод. Ба дунболи ин, панҷ мансабдори воломақом, аз ҷумла, муовини вазири кор ва муовини вазири умури хориҷӣ, ки аз ҳизби чапгарои ПАСОК намояндагӣ мекунанд, истеъфо доданд.
Ба иттилои хабаргузориҳо, дар ҳамин ҳол сатҳи бекорӣ дар Юнон афзоиш ёфта, дар моҳи феврал теъдоди бекорон аз 1 миллион нафар бештар шудааст.
Ба гуфтаи мутахассисон, ихтисори кормандон имкон медиҳад, ки ҳамасола 325 миллион еврои буҷа сарфа шавад. Ҳамчунин, ҳадди ақалли моҳона дар Юнон аз 751 евро то 600 евро коҳиш хоҳад ёфт.
Пас аз пазируфта шудани ин тарҳ, акнун роҳи Юнон барои дарёфти кӯмаки нави Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул ба маблағи 130 миллиард евро боз хоҳад шуд. Инчунин, бонкҳои байнулмилалӣ як қисми қарзҳои Юнонро мебахшанд.
Вазири молияи Юнон Эвангелос Венизелос шоми дирӯз (12-уми феврал) аз вакилони порлумон даъват кард, ки ба хотири наҷоти кишвар аз тарҳи қонуни сарфаи буҷа ҳимоят кунанд. Ӯ афзуд, ки “агар мо ин корро накунем, шаҳрвандон моро намебахшанд.”
Дар Афина бар асари бархӯрди дирӯзаи эътирозгарон бо пулис даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Мухолифони ҳукумат сӯи кормандони пулис санг ва шишабомбаҳои бензинӣ андохтанд. Бар асари бенизомиҳо дар Афина камаш 7 бино сӯхт.
Пулис барои пароканда кардани эътирозгарон, ки дар канори бинои порлумон ҷамъ омада буданд, аз гази ашковар истифода бурд. Бар пояи хабарҳо, дар намоишҳои эътирозӣ дар Афина ба камияш 80 000 нафар ва дар шаҳри Салоники бештар аз 20 000 нафар ширкат доштанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Юнон тарҳи қонуни сарфаи буҷаро рӯзи панҷшанбе тасдиқ карда, ба порлумон фиристод. Ба дунболи ин, панҷ мансабдори воломақом, аз ҷумла, муовини вазири кор ва муовини вазири умури хориҷӣ, ки аз ҳизби чапгарои ПАСОК намояндагӣ мекунанд, истеъфо доданд.
Ба иттилои хабаргузориҳо, дар ҳамин ҳол сатҳи бекорӣ дар Юнон афзоиш ёфта, дар моҳи феврал теъдоди бекорон аз 1 миллион нафар бештар шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад