Марги 4 халабони тоҷик дар Зобул

Вазорати дифои Тоҷикистон изҳор доштааст, ки чархболи суқуткарда дар Афғонистон мутааллиқи ин вазорат буд.
Бар асари суқути ин чархбол, ки дар Афғонистон барои нерӯҳои НАТО кор мекардааст, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудаанд.

Рӯзи якшанбе хабаргузориҳо навиштанд, ки ин чархбол мутааллиқ ба ширкати “Supreme Food” буда, дар ғарби вилояти Зобул, дар тақрибан 350-километрии ҷануби Кобул суқут кардааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Қандаҳор аз қавли муовини волии Зобул Муҳаммадҷон Расулёр хабар дод, ки дар байни халабонҳои тоҷики ҳалокшуда 3 мард ва 1 зан будааст.
Бархе аз хабаргузориҳо навиштанд, яке аз ин афроди ҳалокшуда писари муовини вазири дифои Тоҷикистон -- генерал-майор Вячеслав Грудино мебошад.

Феълан таҳқиқи ин қазия идома дорад. Кадом гурӯҳи чирикӣ то ҳол масъулияти ин сониҳаро ба дӯш нагирифтааст. Муҳаммадҷон Расулёр низ гуфта, ки иллати суқути чархбол ғолибан фаннист ва дар ин ҳодиса дасти беруна зоҳиран мушоҳида намешавад.

Ширкати “Supreme Food” дар тирамоҳи гузашта дар иртикоби қазияи халабонҳои ширкати “Ролкан”, ки дар роҳи бозгашт аз Афғонистон дар Тоҷикистон боздошт ва муддате маҳкум ба зиндон шуданд, дар забони расонаҳо афтода буд. Душанбе таҳти фишори Маскав ҳарду халабони “Ролкан”-ро афв ва озод кард.

Ҳамчунин, соли гузашта дар асари як сониҳаи ҳавоӣ дар Афғонистон ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои ширкати ҳавопаймоии "Помир" кор мекарданд, ҷони худро аз даст доданд.