Ширкати "Барқи тоҷик" аз сокинони кишвар хостааст, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода кунанд.
Ширкати "Барқи тоҷик" ба сокинон ва раҳбарони корхонаву муассисаҳои кишвар муроҷиат карда ва гуфтааст, дар ин рӯзҳои сард аз нерӯи барқ "мақсаднок ва сарфакорона" истифода баранд.
Дар ҳоле ки ба таъкиди масъулони ин ширкат, "нерӯи барқ воситаи асосии пешбурди кор ва рӯзгори мост."
Мақомоти "Барқи тоҷик" дар ин муроҷиати худ гуфтаанд, дар Душанбе маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ нест ва дар шабонарӯз наздики 14 миллион киловат соат нерӯи барқ ба манзили сокинон ва муассисаҳо интиқол меёбад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта дуним миллион киловат соат зиёдтар будааст.
"Дар ҳар хонадон ва корхонаҳои шаҳр мақсаднок истифода бурдани ҳар як киловат соат нерӯи барқ, сарфи назар намудани истифодаи чанд гармкунак, плита ва дигар асбобҳои барқӣ, ҳатто якчанд лампочка метавонад бори трансформатор ва хатҳои барқии дар шаҳр насбшударо сабук намояд",-гуфта шудааст дар муроҷиатнома.
Бино ба иттилои мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" дар ҳоли ҳозир дар шабакаҳои барқии пойтахт навбатдории шабонарӯзӣ ҳам ташкил шудааст, ки дар сурати рух додани садама зуд ба ҷои ҳодиса рафта, мушкилро рафъ мекунанд.
Ин ширкат дар охири муроҷиати худ аз сокинон ҳамчунин хостааст, барои он ки дар рӯзҳои сарди охири фасли зимистон бебарқ намонанд, пули барқи истифодакардаи худро низ ҳарчӣ зуд бисупоранд.
Муроҷиатномаи ширкати "Барқи тоҷик" дар ҳоле нашр шуд, ки дар як ҳафтаи ахир ҳарорати ҳаво дар пойтахт ва дигар манотиқи Тоҷикистон тақрибан то бист дараҷа сард гардид. Дар пайи барфрезӣ ва сардиҳои як ҳафтаи охир мақомоти вазорати маориф мактаббачагонро ба таътили иҷборӣ фиристоданд.
Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, то нимаи дуввуми моҳи феврал дар кишвар ҳавои сард боқӣ монда, резиши барфу борон дар баъзе аз минтақаҳо низ дар назар гирифта шудааст. Бино ба иттилои ин марказ, то 15-уми феврал ҳаво дар кишвар шабона то 10 дараҷа сард (дар баъзе минтақаҳо аз ин ҳам болотар) ва рӯзона аз 2 дараҷа сард то 2-3 дараҷа гарм хоҳад шуд.