Сарфаҷӯӣ аз пардохти нафақа ба маъюбон

МН бо ислоҳи Қонун дар бораи нафақаи бознишастагии шаҳрвандони маълул, маҳдудиятҳоеро ҷорӣ кардааст.
Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки тарҳи иловаҳо ба қонуни мазкурро дар Маҷлиси Намояндагон шарҳ медод, гуфт, минбаъд ҳаҷми маоши бознишастагии афроди маълул ва бидуни саробон вобаста ба ҳадди ақалли маоши муқарраршуда дар кишвар таъйин хоҳад шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун нафақаи маъюбон аз рӯи дарсадии музди кори онҳо то замони бознишастагӣ муқаррар мешуд. Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон афзуд: «Мувофиқи муқаррароти дар лоиҳаи қонуни мазкур пешбинишуда, пас аз расман мавриди амал қарор гирифтани он нафақаҳо барои маъюбӣ ва маҳрум шудан аз саробон, бо маҳдудият

Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон,

пардохт мешаванд, ки андозаи он барои маъюби гурӯҳи як даҳ, барои гурӯҳи ду 8 ва барои гурӯҳи се 6 ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну солро ташкил менамояд.»

Ҳарчанд ислоҳи қонуни нафақа дар иҷлоси парлумон аз ҷониби ҳамаи вакилон дастгирӣ ёфт, баҳс дар мавриди он зиёда аз якуним соат давмо кард.

Аз ҷумла Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки то расидан ба ин мақом вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро роҳбарӣ карда ва бо масъалаҳои он аз наздик ошноӣ дошт, таъмини афроди нафақахӯри кишвар бо маоши муносибро як мушкили умдаи кишвар номид.

Ҷаноби Зуҳуров гуфт, дар ҳоли ҳозир барои таъмини маоши афроди бознишаста наздики як миллиард сомонӣ зарур аст, ки барои иқтисоди кишвар гаронӣ мекунад. Раиси МН Тоҷикистон афзуд, аз 585 000 нафар бознишаста, 11500 нафарашон аз 400 то 10000 сомонӣ маоши бознишастагӣ дарёфт мекунад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бештари онҳое, ки нафақаи зиёд мегиранд ҳамзамон дар мансабҳое ҳам кор мекунанд: «Ҳисоби миёнаи нафақаи маъюбон дар Тоҷикистон имрӯз 210 сомониро ташкил медиҳад. Яъне ҳамин 210 ҳазор сомонии 110 ҳазор маъюб дар як сол мешавад, тахминан 200 миллион. Бештар аз нисфи онро ҳамин 11,5 ҳазор мегирад."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси тағйири низоми нафақа дар порлумон



Ва аммо Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили маҷлис изҳор дошт, ки мухолифи ин тарҳ раъй хоҳад дод. Вай афзуд, ҷорӣ кардани маҳдудият дар маоши афроди бознишаста хилофи Қонуни асосист, ки давлатро кафили таъмини адолати иҷтимоӣ муаррифӣ кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки то ҳамин акнун дар қонунгузории кишвар афроди бознишаста ва аз ҷумла маълулон вобаста ба маош ва андози пардохткардаи худ нафақа мегирифтанд.

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва вакили Маҷлиси

«Андоз ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рӯи маош муқарар мешавад. Дар ягон ҷо навишта нашудааст, ки андоз аз ҳифзи иҷтимоӣ аз ҳисоби ҳадди ақалли маош пардохт шавад.»

Ба ин тартиб ин тарҳи қонун бо мухолифати танҳо чаҳор вакил қабул карда шуд. Аммо Шукурҷон Зуҳуров аз вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хост, ки барои табобати ройгони шаҳрвандони аз 80- сола болои кишвар ба таври қонунӣ иқдом кунад.

Ба гуфтаи раиси Маҷлиси намояндагон, як чунин гуфтугӯ дар сатҳи болоии кишвар сурат гирифта буд ва ҳоло аз вазири меҳнат вобастааст, ки чунин пешниҳодро дубора матраҳ кунад ва бар қабули он талош варзад.