Пирӯзии Санторум бар Ромнӣ дар 3 аёлати Амрико

Рик Санторум

Сенатори собиқ Рик Санторум дар интихоботи муқаддамотии ҳизби ҷумҳурихоҳ дар 3 аёлати Колорадо, Миннесота ва Миссурӣ баранда шуд. Санторуми муҳофизакор худро беҳтарин рақиби Барак Обама дар интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Амрико ба қалам дод ва гуфт: “Консерватизм дар Миссуриву Миннесота зинда будааст.” Пирӯзии Санторум мавқеъи волии собиқи Массачусеттс Митт Ромниро, ки қаблан дар 3 аёлат баранда шуда буд, заифтар мекунад. Вале Ромнӣ ҳамчунон аз пуштибонии аксари нухбагони ҳизби мухолифи муҳофизакори Амрико бархӯрдор аст.