Гурӯҳе аз донишҷӯёни узбактабори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз амалкарди масъулони донишгоҳ дар нисбати таҳсили худ ба Ҷамъияти узбактаборони кишвар шикоят бурдаанд.
Иҷборан ба гурӯҳи тоҷикӣ ворид кардани ин донишҷӯён, ки узбактабор ҳастанд, мояи нигаронии амиқи онҳо шудааст.
Муҳаррама Мирзоалиева, раиси ҷамъияти узбактаборони Тоҷикистон зимни таъйиди шикояти ин гурӯҳ аз донишҷӯён ба РО гуфт, ки дар воқеъ донишҷӯён барои иҷборан аз гурӯҳи узбакӣ ба гурӯҳи тоҷикӣ гузарониданашон тавассути масъулони донишгоҳ ба ин ҷамъият аризаи шикоятӣ ироа карданд.
Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди хонум Мирзоалиева, донишҷӯён ба хотири мавҷуд будани гурӯҳи узбакӣ ба ин донишгоҳ ворид шудаанд ва мехоҳанд, то таҳсилро бо забони худашон идома диҳанд.
Муҳаррама Мирзоалиева тасмими ахири донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар нисбати чанд тан аз донишҷӯёни узбактаборро мухолифи қарори қабули довталабон, ки вазорати маориф онро тасдиқ кардааст, медонад.
Зеро ба қавли хонум Мирзоалиева, дар қабули соли 2011 онҳо ба ин гурӯҳи узбакӣ тариқи шартнома дохил шудаанд: «Тибқи шартнома онҳо ҳар сол 1800 сомонӣ ба донишгоҳ месупоранд. Агар донишҷӯёни узбактабор пуле дарёфт карда натавонанд, мо омодаем, ки аз тарафи ҷамъияти узбактаборон пули шартномаи онҳоро ба донишгоҳ пардохт намоем.»
Аммо Аъзам Худойдодов, муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мегӯяд, бинобар кам будани донишҷӯёни узбактабор, ин амр сабаби ташкил нашудани гурӯҳи узбекӣ шудааст, ин донишҷӯён, ки чор нафар ҳастанд, ба гурӯҳи тоҷикӣ гузаронида шуданд.
Вале ба қавли ҷаноби Худойдодов, тибқи ҳуҷҷатҳои омодашуда, онҳо тасмим гирифтаанд, ки дар нимсолаи дуюми соли таҳсил, бо зиёд шудани шумори донишҷӯёни узбактабор, гурӯҳи узбакиро аз сари нав фаъол кунанд: «Аллакай тамом, ба дасти мо маълумотнома омадагӣ ҳаст. Супориши ҷаноби ректор аст, ки аллакай мо инҳоро омӯхтем, тобистон гурӯҳи узбакӣ ташкил намуда ва онҳоро ба ин гурӯҳ шомил мекунем.»
Азим Байзоев, коршиноси масоили мароиф мегӯяд, боз шудани гурӯҳҳо бо эҳтиёҷ ва талаботи ҳар кишвар дар соҳаҳои гуногун роҳандозӣ мешавад. Аммо ба қавли ҷаноби Байзоев, гоҳе ҳам мешавад, ки бо сабаби пурра нашудани гурӯҳ он фаъолият накунад. Вале фаъолият накардани он аз ҳамон рӯзи аввал бояд муайян шавад, то донишҷӯён саргардон нашаванд, «аммо ин тавр қабул кунанду пас аз ним сол гӯянд, ки не мебахшед ҷои дигар равед, гумон мекунам, ки ин вайрон ва поймол шудани ҳуқуқи донишҷӯён аст.»
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи омӯзгорони гурӯҳи узбакӣ, соли гузашта 13 нафар аз донишҷӯёни узбактабори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз гурӯҳи узбакӣ ба гурӯҳи тоҷикӣ гузаронида шуда буд ва масъулон ҳам гуфта буданд, ки барои барқарор намудани гурӯҳи узбакӣ чора хоҳанд андешид, вале билохира ин кор бенатиҷа монд. Вале тасмими навбатии роҳбарияти донишгоҳ амалӣ мешавад ё не инро ҳам вақт нишон хоҳад дод.