Тарҳи ниҳоии қонун дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила рӯзҳои наздик дар Шӯрои МН баррасӣ мешавад.
Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат чанде қабл дар нишасти матбуотӣ аз сарнавишти қабули қонуни пешгирии зӯроварӣ дар хонаводҳо гуфта буд, ки тарҳи ин санад ба парлумон фиристода шуд: «Айни ҳол гуруҳи корӣ таъсис шудааст дар парлумон ва лоиҳаи мазкур аз ҷониби вакилон барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шуд ва баъди пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ба ҳукумат, он ба парлумон баргашт ва баррасиҳо идома дорад.»
Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумита оид масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси Намояндагон тасдиқ кард, ки гурӯҳи кории иборат аз 13 нафар аз ҳисоби вакилони мардумӣ, вазоратҳои тандурустӣ, адлия , Кумитаи кор бо занон, созмонҳои ғайридавлатӣ ва коршиносон барои таҳия ва баррасии қонун таъсис ёфтааст. Хайринисо Юсуфӣ, ки раҳбарии ин гурӯҳро ба дӯш дорад мегӯяд, айни ҳол 70 дарсади қонун омода аст ва барои пурра таҳия кардани он, як моҳи дигар зарур аст.
Гулҷаҳон Бобосодиқова, роҳбари Ассотсиатсияи занони маълумоти олидор, ки дар ин гурӯҳи кор шомил аст, мегӯяд, ки барои амалӣ шудани қонун имкониятҳои молиявӣ лозим аст ва барои ҳамин баҳсу баррасиҳо доманадор шуд: «Агар ин қонун қабул шавад, дар асоси он марказҳои паноҳандагӣ аз хушунат бояд, ки дар шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шавад ва албатта кормандони онҳо бояд маош гиранд. Дар соҳаи адлия, тандурустӣ ва ғайра бахшҳои махсус дар робита ба зӯровар ихтисос дода шаванд ва албатта барои инҳо ҳам маблағ лозим. Барои ҳамин ҳисобу китобҳо идома дорад.»
Пешниҳодҳо дар мавриди қонуни пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳанӯз соли 2003 аз тарафи созмонҳои ғайридавлатӣ ва кӯмаки созмонҳои байналмилии кор бо занон сурат гирифта буд.
Ҳанифа Маҳмадова, ҷомеашинос ва адибае, ки аз сарнавишти занони мавриди хушунат қарор гирифта қиссаҳо навиштааст, мегӯяд, бовар надорад, ки ҷомеаи мардсолори Тоҷикистон бидуни муқовимат ин қонунро қабул кунад. Вай мегӯяд, ки мардони тоҷик хушунатро дар нисбати ҳамсарон «ҷомаи суннат» пӯшонидаанд.
Дар ҳамин ҳол Амрохон Наврӯзов, устоди донишгоҳ мегӯяд, ки хушунат бар зидди занон дар хонавода аз ноогоҳии мардону занон аз ҳуқуқи динӣ ва шаҳрвандӣ сарчашма мегирад.
Қонуни пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила, барои нафароне ба ин ҳол дучор шуда, имкониятҳоеро фароҳам мекунад. Дар моддаи 6-и ин қонун омадааст, ки шахси аз зӯроварии ҷабр дида, ҳуқуқ дорад ба мақомоти корҳои дохилӣ, додгоҳ, додситон муроҷиат намуда, ҳамзамон аз муассисоти тиббӣ, ҷойгир кардан ба макони мушаххас ва дар марказҳои тиббии иҷтимоӣ барҳравар шавад.
Хайринисо Юсуфӣ, роҳбари гурӯҳи корӣ мегӯяд, ки моҳи марти соли ҷорӣ тарҳи ахири қонун ба Шӯрои Маҷлиси Намояндагон ироа мешавад ва то қабули он ҳам рӯзҳои ба шумор мондааст.
Солҳои охир шикояти ҳамсарон ва келинҳо дар мавриди хушунат ва зӯроварӣ дар хонаводаҳо афзоиш ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар Хатлон чанд нафар мард аз ҳамсарони хеш ба додгоҳ шикоят бурданд, ки хонумҳояшон нисбати онҳо хушунат раво дидаанд. Ҳоло маълум нест, ки қонун дар нисбати мардони қурбони хушунат, талаботеро дорад ё хайр?
Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумита оид масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси Намояндагон тасдиқ кард, ки гурӯҳи кории иборат аз 13 нафар аз ҳисоби вакилони мардумӣ, вазоратҳои тандурустӣ, адлия , Кумитаи кор бо занон, созмонҳои ғайридавлатӣ ва коршиносон барои таҳия ва баррасии қонун таъсис ёфтааст. Хайринисо Юсуфӣ, ки раҳбарии ин гурӯҳро ба дӯш дорад мегӯяд, айни ҳол 70 дарсади қонун омода аст ва барои пурра таҳия кардани он, як моҳи дигар зарур аст.
Пешниҳодҳо дар мавриди қонуни пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳанӯз соли 2003 аз тарафи созмонҳои ғайридавлатӣ ва кӯмаки созмонҳои байналмилии кор бо занон сурат гирифта буд.
Ҳанифа Маҳмадова, ҷомеашинос ва адибае, ки аз сарнавишти занони мавриди хушунат қарор гирифта қиссаҳо навиштааст, мегӯяд, бовар надорад, ки ҷомеаи мардсолори Тоҷикистон бидуни муқовимат ин қонунро қабул кунад. Вай мегӯяд, ки мардони тоҷик хушунатро дар нисбати ҳамсарон «ҷомаи суннат» пӯшонидаанд.
Дар ҳамин ҳол Амрохон Наврӯзов, устоди донишгоҳ мегӯяд, ки хушунат бар зидди занон дар хонавода аз ноогоҳии мардону занон аз ҳуқуқи динӣ ва шаҳрвандӣ сарчашма мегирад.
Хайринисо Юсуфӣ, роҳбари гурӯҳи корӣ мегӯяд, ки моҳи марти соли ҷорӣ тарҳи ахири қонун ба Шӯрои Маҷлиси Намояндагон ироа мешавад ва то қабули он ҳам рӯзҳои ба шумор мондааст.
Солҳои охир шикояти ҳамсарон ва келинҳо дар мавриди хушунат ва зӯроварӣ дар хонаводаҳо афзоиш ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар Хатлон чанд нафар мард аз ҳамсарони хеш ба додгоҳ шикоят бурданд, ки хонумҳояшон нисбати онҳо хушунат раво дидаанд. Ҳоло маълум нест, ки қонун дар нисбати мардони қурбони хушунат, талаботеро дорад ё хайр?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад