Пайвандони муҳоҷири сарбуридаи тоҷик аз мақомоти Русия хостаанд, то ҷасади ӯро ба ватанаш интиқол диҳанд.
Миралӣ Азизов, тағои Бахтиёр мегӯяд, хонаводаи марҳум бо ирсоли мактубе ба унвонии мақомоти тафтишотии Русия, ки таҳқиқи ҳодисаи қатли ин ҷавони 30-солаи тоҷикро ба дӯш доранд, шарҳи сабаби таъхир дар интиқоли ҷасади писарашонро пурсидаанд.
Ӯ аз қавли муфаттиши парванда гуфт, 4 нафар бо гумони қатли муҳоҷири тоҷик боздошт шуда, то замоне ки иҷозаи махсуси Додситонии кулли Русияро дарёфт накунанд, наметавонанд ба интиқоли ҷасади Бахтиёр иҷоза диҳанд.
Миралӣ Азизов афзуд, "дар бораи шахсияти қотилон ба мо иттилоъ намедиҳанд. Аммо дақиқ аст, ки қотилон тоҷик нестанд. Дар бораи ин ки тафтишот ба чӣ натиҷаҳо расидааст, ба мо маълумот намедиҳанд."
Таъхир дар интиқоли турбати Бахтиёр Расулов суолу ҳадсзаниҳои зиёдеро натанҳо дар байни пайвандони худи ӯ ба миён овардааст, балки боиси нигарониҳои созмонҳои маҳаллӣ низ шудааст.
Гулбаҳор Муродова, раиси созмони ҷамъиятии “Муҳоҷират”, мегӯяд, шояд иллати таъхир дар нақли ҷасади Бахтиёр Расулов маҳфуз нигоҳ доштани ҳуввияти қотилон ё сабаби аслии қатли Бахтиёр бошад.
Хонум Муродова гуфт, "мақомоти тафтишотӣ шояд аз он меҳаросанд, ки агар ҷасади Бахтиёрро барвақттар ба Тоҷикистон фиристанд, дар ин ҷо ҷасадашро кушода, сабаби асосии қатли ваҳшиёнаи ӯро пай мебаранд.”
Миралӣ Азизов, тағои Бахтиёр, мегӯяд, сарфи назар аз ин ки ҷасади Бахтиёр ба Тоҷикистон мерасад ё хайр, қарор аст рӯзҳои таътили меомада дар зодгоҳаш - деҳаи "Партизан"-и ноҳияи Шаҳритус маросими ҷанозаи ғоибонаи ӯ, тибқи суннатҳои мусулмонӣ, анҷом дода хоҳад шуд.
“Ғайр аз модараш, ҳоло ҳама аз марги Бахтиёр хабар доранд. Муллои деҳа омада гуфт, ки бояд маросими даргузашти ӯро анҷом дод. Хайру худоияшро додан даркор, мардум дар ҳаққаш дуо хонанду пайвандонаш ҳам хотирҷамъ шаванд”,-мегӯяд Азизов.
Бахтиёр соли 2004-ум бо мақсади мардикорӣ ба Русия рафта, дар шаҳри Санкт-Петербург таксӣ меронд. Моҳи ноябри соли гузашта вай аз сӯи афроди номаълум дар яке аз ҷангалҳои атрофи шаҳр ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Вай дар Русия оиладор шуда, соҳиби 2 писар – Рустами 7-сола ва Дамири 5-сола буда, мехостааст, ҳамсари рус ва фарзандонашро ба Тоҷикистон оварда, бо онҳо дар ҳамин ҷо кору зиндагӣ намояд.
Ҳусниддин Зардиев, сардори Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон, мегӯяд, ҷасади Бахтиёр бо хатм шудани таҳқиқи парвандаи қатли ӯ ба зодгоҳаш хоҳад расид. Аммо вай низ аз замони вуқӯи ин рӯйдод изҳори бехабарӣ мекунад.
Ҷаноби Зардиев гуфт, дар соли гузаштаи 2011-ум тобути беш аз 300 муҳоҷири корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон расид. Тайи як моҳи охир бошад, ҷасади 11 сокини вилояти Хатлон, ки бо азми мардикорӣ ба Русия рафта будаанд, ба зодгоҳашон интиқол дода шудааст.