Бо тасмими Федеросиюни футболи кишвар Лигаи миллии футболи Тоҷикистон таъсис ёфт.
Ин тасмим дар нахустин ҷаласаи имсолаи кумитаи иҷроияи Федеросиюни футболи Тоҷикистон (ФФТ) гирифта шуд.
Ба гуфтаи Валерий Турсунов, ноиби аввали раиси ФФТ, Лигаи миллии футболи Тоҷикистон барои баргузории мусобиқоти қаҳрамонии футболи кишвар масъул аст. Ӯ афзуд, “ин лига ташкилоти ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ буда, бошгоҳҳои футболи лигаҳои оливу аввали футболи кишвар, инчунин, ҳамаи шахсони барои баргузории мусобиқот масъулро муттаҳид месозад. ФФТ бошад, бевосита бо дастаҳои мунтахаби кишвар машғул мешавад.”
Ба гуфтаи ҷаноби Турсунов, моҳи март як ҳайати нозирони Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) ба Тоҷикистон меояд ва бо сохтори бошгоҳҳои футболи кишвар ошно мешавад. Дар мавриди гирифтани баҳои мусбат аз ҷониби ин ҳайат, шурӯъ аз соли 2013 ду бошгоҳи футболи Тоҷикистон – қаҳрамон ва ноиби қаҳрамон дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC ширкат хоҳанд кард.
Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ, инчунин, масъалаҳои тарзи баргузории мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва Ҷоми ФФТ баррасӣ шуд.
Мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ иборат аз ду давра 6-уми апрел шурӯъ мешавад. Дар мусобиқот ширкати 14 даста дар назар аст. Ба ҷуз 11 бошгоҳе, ки дар мусобиқаи порсола ширкат доштанд, инчунин, дастаҳои «Зарафшон» (Панҷакент), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Ҳосилот» (Фархор) барои иштирок дар мусобиқаи имсола изҳори хоҳиш кардаанд.
Ҳаҷми маблағи ҳаққи иштирок дар мусобиқа барои дастаҳои лигаи олӣ нисбат ба мусобиқаи порсола 5 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфтааст (40 ҳазор сомонӣ).
Ҳаққи хидмати доварону нозирони бозиҳои мусобиқаро Лигаи миллии футболи Тоҷикистон пардохт мекунад. Дастаҳои лигаи олӣ бошанд, танҳо ҳаққи хароҷоти сафари хидматии доварону нозирони бозиҳоро мепардозанд.
Имсол сабқати дублёрҳо ё ҳайатҳои захиравӣ ҳамчун мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонон дар ду давра барпо мешавад.
Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон бошад, 25-уми апрел оғоз меёбад ва аз ду давра иборат хоҳад буд. Маблағи пардохти ширкат дар мусобиқа 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ҷаласаи кумиҷроияи ФФТ қарор шуд, ки ба ҷойи мусобиқаи Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев имсол Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон доир хоҳад шуд. Бозиҳо дар ду марҳила - минтақавӣ (Душанбе, Хатлон ва Суғд) ва ниҳоӣ (Душанбе) - баргузор мешаванд.
Маблағи ҷавоизи Ҷоми ФФТ 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 20 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Барои ҷойи дувум 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи севум 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.