Дар ҳоле, ки даргириҳо дар атрофи Димишқ идома дорад, кишварҳои Ғарб ба тасвиби қатъномаи нави Сурия исрор меварзанд.
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар як баёния гуфт, Шӯрои Амнияти СММ “бояд амал кунад”, то ба “ҳамлаҳои хушунатомез ва ваҳшиёна”-и режими Башор Асад алайҳи мардумаш поён диҳад.
Хонум Клинтон гуфт, рӯзи сешанбе барои ироаи як “паёми рӯшан” ба ҳимоят аз мардуми Сурия, ба СММ хоҳад рафт.
Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс Шӯрои Амниятро ба “ғафлат” ва “бефаъолиятӣ” дар баробари вазъи Сурия айбдор кард.
Хонум Райс мегӯяд: “Мо тайи 10 моҳи гузашта паёмадҳои ғафлат ва бефаъолиятии ин Шӯроро дидем. На барои он, ки аксари аъзои Шӯро азми амал кардан надоштанд. Ин
азм дида мешуд. Балки як теъдод аз аъзои хеле қудратманд сурат гирифтани чунин амалро дидан намехостанд. Чунин сурати ҳол шояд боз ҳам идома кунад. Мебинем.”
Русия қаблан аз ҳимояти қатъномае, ки режими Асадро маҳкум кунад, саркашӣ мекард. Фаронсаву Бритониё низ мехоҳанд ба хотири таъмини ҳимоят аз тарҳи қатъномае, ки аз сӯи кишварҳои Аврупову Араб таҳия шуда, ба интиқоли қудрат дар Сурия даъват мекунад, вазирони корҳои хориҷаи худро ба Ню-Йорк бифиристанд.
Як мақоми Фаронса ба шарти ифшо нашудани номаш дар Порис гуфтааст, ки тарҳи қатънома алакай пуштибонии дастикам 10 узв аз 15 узви Шӯрои Амниятро ба даст овардааст, ки имкон медиҳад, ин тарҳ дар маърази раъйгирии Шӯро гузошта шавад.
Лигаи Араб аз Башор Асад даъват кардааст, ба гунаи раҳбари пешини Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ қудратро ба ноиби худ бисупорад ва ӯ ба навбаи худ як ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил диҳад. Қарор аст, ин созмони мӯътабари ҷаҳони Араб, роҳкори сулҳаш барои Сурияро имрӯз дар Ню-Йорк муаррифӣ кунад.
Аммо Русия рӯзи душанбе гуфт, давлати Сурияро барои баргузори музокира бо мухолифинаш ба хотири хатми хушунатҳо ба Маскав даъват кардааст. Аммо як узви аршади Шӯрои мухолифини Сурия гуфтааст, ҳар навъ музокироти таҳти ҳимояти Маскав радд хоҳад шуд.
Лигаи Араб дар поёни ҳафта эълон кард, ки фаъолияти ҳайъати нозиронаш дар Сурияро баъди ҳамагӣ як моҳи кор ба далели афзоиши хушунатҳо қатъ мекунад.
Ба гуфтаи фаъолон, танҳо тайи рӯзи душанбе дар саросари Сурия беш аз 50 тани дигар, бештар мардуми мулкӣ, кушта шуданд. Рӯзи якшанбе, бино ба хабарҳо, идомаи хушунатҳо дар ин кишвари арабӣ ҳудуди 80 кушта ба ҷо гузошт.
Таъйиди ин арқом аз ҷониби манобеи мустақил амри муҳол аст, зеро давлати Сурия вуруди хабарнигорони хориҷиро манъ кардааст. Аммо тибқи омори СММ, алакай дар оғози моҳи январ шумори қурбониёни 10 моҳи эътирозҳо алайҳи режими Башор Асад дар Сурия аз марзи 5400 нафар убур кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад