Тибқи гузоришҳо аз Сурия рӯзи якшанбе бар асари бархӯрдҳои мусаллаҳона миёни сарбозони артиши ин кишвар бо низомиёни фирорие, ки ба нерӯҳои зиддиҳукуматӣ пайвастаанд, камаш 16 сарбозу се фарди мулкӣ кушта шудаанд. Гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯяд, рӯзи якшанбе корвони нерӯҳои давлатии Сурия дар минтақаи Кансафраи шимолу ғарби ин кишвар мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷа 10 сарбоз ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунон ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, бархӯрд дар минтақаи Ғутаи канори Димашқ ҳаёти се фарди мулкиро аз байн бурд. Рӯзи шанбе гузориш нашр шуда буд, ки дар бархӯрдҳои Ғута 11 сарбозу 6 шахси мулкӣ ҳалок шудаанд.
Дар ин байн хабаргузории расмии Сурия-САНА рӯзи якшанбе хабар дод, ки дар минтақаи Саҳнаяи канори Димашқ бар асари ҳамлаи гурӯҳи ба истилоҳ “террористони мусаллаҳ” 6 низомӣ ва аз ҷумла ду афсар ба қатл расиданд. Имкони тасдиқ ва ё такзиби ин хабарҳо вуҷуд надорад, зеро мақомоти Сурия ба хабарнигорони хориҷӣ иҷозати ирсоли ахборро намедиҳанд.