Додгоҳи Хатлон рӯзи ҷумъа даъвои ширкати "Ролкан"-ро, ки Тоҷикистон бояд ду ҳавопаймои марбут ба ин ширкатро баргардонад, рад кард.
Ширкати "Ролкан Инвестмент" бо ирсоли як нома аз додгоҳ хоста буд, ки ҳавопаймоҳои мусодирашудаи АН-72-ро бозпас гардонад.
Манобеи додгоҳӣ дар Хатлон гуфтаанд, ширкати "Ролкан" аризаи даъвогии худро мутобиқи қонунгузории ҶТ пешниҳод накардааст ва бинобар ҳамин, даъвои ӯ рад карда шуд. Мақомоти додгоҳӣ гуфтаанд, ки дар сурати бартараф намудани камбудиҳо, Сергей Полуянов, раиси ширкати "Ролкан" метавонад бори дигар ба додгоҳ муроҷиат кунад.
Ширкати "Ролкан" мегӯяд, ки ҳавопаймоҳо моликияти ширкат буда, бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ, дар сурати тасдиқ нашудани гуноҳи соҳибмулк дар содир гардидани ҷиноят, касе ҳуқуқи мусодира намудани онро надорад.
Инҳо ҳавопаймоҳое буданд, ки Владимир Садовничий ва Алексей Руденко бо он аз Кобул ба сӯи Тоҷикистон парвоз карда ва дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа поин омаданд. Ин ду ҳавопаймои Ан-72 то ҳол дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ мешаванд.
Рӯзи ҳаштуми ноябри соли гузашта Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ду халабони ширкати русӣ Садовничий ва Руденкоро ба даҳуним соли зиндон маҳкум кард, аммо гуфт, бар асоси Қонуни афв ду сол аз ҳукми онҳоро кам кардааст. Бо ин ҳол, ҳукми додгоҳ вокунишҳои тундеро дар Русия ба бор овард ва дар пайи он даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави шаҳри Маскав боздошт ва як идда аз онҳо барои нақзи қоидаҳои буду бош аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шуданд.
Ин буд, ки додситонии Хатлон аз ҳукми зиндони ду халабони ширкати русии "Ролкан" эътироз кард ва бозбинии парвандаро тақозо намуд. Дар пайи бозбинии парванда (рӯзи 22 ноябр) Додгоҳи вилояти Хатлон Садовничий ва Руденкоро ба ду солу шаш моҳи зиндон маҳкум кард, вале бо назардошти Қонуни афв ва он мӯҳлате, ки дар боздошт ба сар бурдаанд, онҳоро раҳо намуд.
Аммо дар бозбинии парвандаи халабонҳо мавзӯи ду ҳавопаймои ширкати "Ролкан" матраҳ набуд ва дар ин замина ҳарфе ҳам гуфта нашуд. Баръакс, мақомоти Тоҷикистон раҳбари ширкати Ролкан Сергей Полуяновро мавриди пайгарди қонунӣ қарор дода ва гуфтанд, ки дар сурати боздошт ӯ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.
Ҳамакнун бо шикояти Сергей Полуянов, раҳбари ширкати "Ролкан" дар мавриди бозгардонии ду ҳавопаймои Ан-72 ва посухи рад аз сӯи додгоҳи вилояти Хатлон, рӯшан нест, ки ин қазия ба куҷо хоҳад кашид.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад