Мутахассисони чинӣ дар ду кони тиллои ноҳияи Шӯрообод ба заршӯи оғоз кардаанд.
Ба қавли масъулин, аз ин ду кон дар як сол мумкин аст, то 300 килограм тилло дарёфт кард.
Амирхон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, бо шурӯъи кор чиниҳо беш аз як килогарм тилло пайдо кардаанд, ки ин миқдор наздики 400 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Дороии ин конҳо чиниҳоро ба фаъолияти васеъ ба роҳ мондан дар ин мавзеъ ҳавасманд кардааст. Онҳо ҳоло ба ин мавзеъ роҳи хуби мошингард месозанд ва ба гуфтаи Икромов, тасмим доранд, ҳатто хати интиқоли нерӯи барқ низ бикашанд: «Онҳо андоз месупоранд ва чанд сокини маҳаллиро низ бо ҷои кор таъмин кардаанд. Агар роҳу барқро хуб кунанд, дигар ягон мушкилот намешавад. Оҳиста-оҳиста бояд ҳамаи конҳои тиллои ноҳия истифода бурда шаванд.»
Масъулини ноҳия мегӯянд, конҳои тиллои ноҳияро бо роҳи ғайриқонунӣ марзшиканони афғон истифода мебурданд ва
ҳоло то ҷое пеши роҳи сокинони Давлати исломии Афғонистон гирифта шудааст.
Иброҳим, як сокини ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, борҳо сокинони Давлати исломии Афғонистонро мушоҳида кардаанд, ки бо роҳи дастӣ ба заршӯи машғуланд. Ӯ мегӯяд, ҳоло дар зимистон онҳоро мушоҳида намекунӣ, вале бо фаро расидани баҳор, онҳо бемалол хайма зада, тилло ҷустуҷӯ мекунанд. Ин сокини ноҳия мегӯяд, ҳамаи онҳо дар даст силоҳ доранд ва ҳатто сокинони маҳаллиро ба чунин мавзеҳо наздик шудан намемонанд.
Дар ҳамин ҳол, Давлатмурод Ҷумъев, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ҳарчанд, аз марзшиканони афғон чиниҳо беҳтар бошанд ҳам, аммо давлат бояд талош кунанд, то чунин конҳоро худ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ мавриди истифода қарор диҳад: «Агар соҳибкори тоҷике чунин
иқдом пеш бигирад, бояд ҳатман ба ӯ конҳоро бидиҳем. Аммо чун соҳибкорони тоҷик, ки истифода набурданд, чиниҳо аз марзшиканони афғон хубтар ҳастанд. Онҳо андоз месупоранд ва ҳамроҳи худ чанд сокини маҳалиро ба кор мегиранд.»
Дар ноҳияи Шӯрообод 17 кони истихроҷи тилло мавҷуд аст, аммо бо далели набудани роҳҳои иртиботӣ, дар ин конҳо заршӯи анҷом дода намешавад.
Конҳое, ки чиниҳо ҳоло фаъолиятро оғоз кардаанд, дар ҷамоати Ёли ноҳияи Шӯрообод, наздик ба сарҳади Афғонистон ҷойгиранд.