Хашми сербҳо аз "...сарзамини хун ва асал"

Филми ситораи Ҳолливуд Анҷелина Ҷолӣ боиси эътирози гурӯҳҳои миллатгаро ва ҳадафи танқиди бархе аз ҳунармандони Сербия гардид.
“Дар сарзамини хун ва асал”, ки хонум Ҷолӣ муаллиф ва таҳиягари он аст, ба ҳаводиси ҷанг дар Боснӣ бахшида шудааст. Дар ин филм ситораи Ҳолливуд ба мавзӯъҳои фурӯпошии Югославия дар авоили солҳои 90-ум ва масъулияти Сербия барои куштори мардуми осоиштаи мусалмону хорват замони ҷанг дар Боснӣ – мавзӯъҳои барои миллатгароҳои серб басо ҳассос руҷӯъ кардааст.

Расонаҳои Сербия филми хонум Ҷолиро, ки қиссаи муҳаббати афсари серб ва зани мусалмон аст, тӯҳмат ба сербҳо хонда навиштаанд, ки таҳиягар низоъ дар Босниро фақат аз нуқтаи назари рақибони сербҳо рӯи навор овардааст.

Таҳиягар Эмир Кастуритса дар сӯҳбат бо нашрияи сербии “Blic" филми “Дар сарзамини хун ва асал” як тарғиботи ҳоллливудӣ” номидааст.

Нашрияи “Kurir”, чопи Белград, бошад мусоҳиба бо Бато Зивойинович, ҳунарпешаи кӯҳансоли югославӣ ва узви пешини парлумони Сербияро зери сарлавҳаи “Ҷолӣ аблаҳ аст!” нашр кардааст.

Нашрияи “Вечерние новости”, ки қисман мансуби ҳукумати Сербия аст, аз танқиди шахси Ҷолӣ худдорӣ карда, аммо филми ӯро як бахши “ташвиқу тарқиб” номида ва таъкид кардааст, ки ин филм бузургтарин моҷаро дар минтақа дар даҳсолаҳои ахирро доман задааст.

Ва аммо бархе аз сербҳо аз филми “Дар сарзамини хун ва асал” пуштибонӣ мекунанд. Таҳиягари серб Стеван Филипович ҳамла ба Анҷелина Ҷолӣ ва филми ӯро бо боло рафтани мавҷи миллатгароии сербҳо мардут кардааст.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки “ин як шеваи бархӯрди қадима аст, ки миллион бор миллатгароҳо истифода кардаанд. Хандовар он аст, ки касе филмро пурра тамошо накардааст ва андешаҳо бар пояи порчаҳои алоҳидаи он баён мешаванд. Бештари ин одамон ҳатто ҳамон порачаҳоро надидаанд ва аммо мехоҳанд, ки филмро зиддисербӣ эълон кунанд.”

Дар ҳамин ҳол як тан аз сербҳои боснии маъруф, ки филмро воқеъан тамошо кардааст, низ назари худро дар бораи офаридаи Анҷелина Ҷолӣ баён кард. Драгиса Андрич замони ҷанг маҳбуси зиндони Сараево буд ва ӯ моҳи гузашта баъди тамошои филм ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз он тассуроти амиқ бардоштааст.

Намоиши филми “Дар сарзамини хун ва асал”, ки аз довталабони ҷоизаи “Кӯраи тиллоӣ” дар бахши беҳтарин филми хориҷӣ буд, дар кишварҳои нимҷазираи Балкан моҳи оянда шурӯъ мешавад.